ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
Вай ҳам дўст медошт...
Баъди чанде онҳо бо ду даста гули лола аз дашт берун шуданд. Олимҷон ба теппаи баланде, ки дар канори қишлоқ воқеъ гардида буд, дуру дароз нигариста, оҳи сард кашид.
– Акнун ба болои ҳамон теппа меравем, – гуфт вай ба Умед.
– Ҳў, ба ҳамон баландӣ? – пурсид Умед.
– Бале, ба ҳамон баландӣ.
– Чӣ хел нағз. Он ҷо ҳам гулҳо бисёранд, дада?
– Не, писарам. Он ҷо гул нест. Он ҷо мазори ошиқони гулҳост.
Умед, маънии ин суханҳои падарро нафаҳмид, китф дарҳам кашид.
– Ба қишлоқ намедароем, дада?
– Не, писарам.
– О, он ҷо ким-кии наздикам ҳаст гуфтед-ку?
– Каси наздики ман дар ҳамон баландист, писарам. Ин дастаи гул барои ў. Вай ин гулҳоро бисёр дўст медошт.
– Ман ҳам гулҳоямро ба вай диҳам, майлаш, дада?
– Майлаш, писарам, майлаш...
– Оҳҳо, як қиёмат гул чидед-ку, раис, – ҳайрон шуд ронанда.
– Аз афташ, рўзи таваллуди шиноси наздикатон. Акнун фаҳмидам. Набошад, кори муҳима монда, ин ҷо намеомадед.
– Дуруст гуфтед, Ғулом-ака. Имрўз – зодрўзи дўсти ҷавонмарги ман, вай ҳамин рўз сисола мешавад.
– А? – даҳон во кард ронанда, аз гапи гуфтагиаш пушаймон шуда.
Олимҷон хомўшона ба мошин нишаст.
– Раис, мебахшед, ман. Ман... – ронанда намедонист барои аз хиҷолат баровардани худ дигар чӣ гуяд.
– Хиҷолат накашед, Ғулом-ака. Шумо аз куҷо медонед? Ҳар зоғеро доғе гуфтаанд. Ҳай кунед. Ман ба шумо ҳамаашро нақл мекунам.
Мошин дар роҳи пасту баланд нолида-нолида пеш мерафт.
Олимҷон, дастаки дарро дошта, ба теппаи махуф нигариста ва ба хаёл рафт. Ронанда чашм аз роҳ намеканд, вале аён буд, ки нақли Олимҷонро интизор аст...
– Ман дар хамин деҳа таваллуд шудаам, – оҳиста ба сухан оғоз намуд Олимҷон. Чунон ки мегўянд, бачаи бе паю қадам омадам, волидонам дар садамаи нақлиёт ҳалок мешаванду ман бо «розигии Худои таъоло» зинда мондам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё