ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
Лекин якта орзўи ношикаста дорам. Як боракак медидам: «Ассалому алейкум!
Аҳволо қалай? мегуфтам. Боз мегуфтам, ки «Аҷаб шудӣ, расво шудӣ. Рўзат аз ин бадтар шавад». Хайр, акнун ман рафтам. Имшаб бояд бароҳат хоб равам.
Инро гуфта хайру маъзурро ҳам фаромўш карда берун баромад.
Чанд рўз сипарӣ шуд. Ин рўзҳо шояд беҳтарин рўзҳои ҳаёташ буданд. Дар даҳонаш ях мешуд, оби сарди Душанбе. Ба чанд тан ҳамкораш, ки нисбати шеф меҳру таваҷҷўҳ доштанд, шунавонда мегуфт: «Ҳа, шербачаҳои мағлубшуда. Даври шумо гузашт. Акнун даври мо омад».
Рўзе пагоҳӣ дер омад ба кор. Идора даромаду мардумро дид бо авзои дигар. Фоли нек напиндошт инро. Таҳ кашид дилаш. Вале сир бой надод.
– Гапи нав, – ба кабинет ворид нашуда шунид ин овозро.
– Шунавем канӣ!
– Ҳозир хабар расид, ки калонҳо ба шефамон сахт танбеҳ дода, чунин таъкид кардаанд: «Агар минбаъд нисбат ба тобеонат серталаб нашавӣ, калўши чалласаводону иғвогаронро ҳарчӣ тезтар пеши пояшон нагузорӣ, ин дафъа калўши худатро пеши поят мегузорем». Ана, ҳамин хел гапҳо рафиқ Мобайнӣ!
– Ина чӣ хелӣ фаҳмем, буродаро! Яъне ки...
– Бале, бале! Дуруст фаҳмидед. Яъне ки масалан он кас боз сарвари мо.
– Акнун мо чӣ кор мекунем?
– Мо не, ман гўед. Яъне ки масалан, шумо асоятонро ба рўшноӣ занед.
– Чӣ? – вай чун тубӣ футбол аз зарбаи ногаҳонии футболбоз ҷаҳида боло хест.
– Чизе ки шунида бошед. Дар рўйхат аввал номи шумо. Ана, ҳамин хел Мобайнӣ. Бармаҳал шодӣ кардед. Дигар, савол нест?
– Ҳаст... О...
Ин дам котиба дари кабинетро кушода, ҳозиронро ба машварат назди сардор хост ва теғ кашида ҷониби Мобайнӣ нигарист.
Ин нигоҳ ўро бе корд кушт.
– Шумо ҳам равед! – гуфт вай бо ғазаб.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё