Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Охир...
Охир... Ман ғалаба кардам. Ман ўро аз кор гирифтам. Аризаи ман кор дод. Урра! Зинда бод адолат! – инро гуфта тўппии чустии қуткандаи хешро ба шифт ҳаво дод вай. «Ин калла не, каллаҷонай!» – гуфта сари бемўи заб-зардашро муддате чанд зад туқ-туқ.
Мард ҳамаро фаромўш кард. Ду даст ба дуо бардошт ва бадар кард аз умқи дил нидое:
– Худоё! Ба даргоҳат бимирам ман! Ниҳоят оҳи мани бечораро мустаҷоб гардондӣ. Аз номат гардам, Худоё!
Вай бо дастон рўи сурхи варамидаашро навозишкорона молиш дода ногоҳ ба ёд овард, ки дар наздаш одам истодааст, аз нав ба худ ваҷоҳати ҷиддӣ гирифт ва шунавонда гуфт:
– Э, ин лаънатии бевиҷдона ҳанўз панҷ сол муқаддам аз кор зада пеш кардан лозим буд. Вай, умуман, агар дангал карда гўем, дар идораи мо шахси тасодуфӣ буд. Хайрият, ниҳоят бо шарофати бозсозӣ ҳақ ба ҳақдор расид.
– Албатта мерасад! – ногоҳ аз гайб садо омад. – Ба ту ҳам навбат мерасад.
Аз ин садо як қад парид. Бо ҳарос ба атроф нигарист. Ҷўё буд, ки ин нидоро кадоме аз сина бадар карда бошад. Ҳама хомўш.
– Ту фаромўш кардӣ, кӣ будӣ? – садои ғайб боз баландтар шуд. – Ҳини директори мактаб буданат ҳаққи бачаҳоро хўрдӣ.
Охирин себҳои кирмхўрдаро бо нархи гарон фурўхта пулашро ба ҷайб зада баъди он ки мисат баромада, гурехта ба ин идора омада паноҳ ёфтӣ? Ёд дорӣ?
– Ҳа? Ё-ёд дорам – ларзону ноҷунбон ғурунгос зад вай.
– Давом диҳам? – боз садо омад.
– Не, не! Илтимос!
– Ин тавр бошад, фосиқиро камтар кун. Аввал гиребони худро бўй каш.
– Хуб шудааст. Албатта, ҳамин тавр мекунам.
Боз хомўшӣ.
«Хайрият, – аз дил гузаронд ў. – Хаёл будааст. Қариб заҳракаф шавам-е!»
Аз нав ҷони тоза гирифт вай.
– Ҳоло худаш дар куҷо бошад? Намедонед? Монед, паю қадамаш аз ин даргоҳ тамоман рўфта шавад.

пешина
аз 315
навбатӣ