ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
Парвои оламу одам надошт. Чанд лаҳза ўрову корашро муоина кардам. Дасташ ҷаққон, бозораш тафсон. Ниҳоят наздик омада, садо додам:
– Салом, акои Назир!
Мард ҷониби ман рўй гардонд.
– Ман дина шаб ба Шумо телефон карда будам.
– Ҳа, ин шумо? Привет, земляк! – вай ҳатто даст дароз накард. – Хуш, гўш мекунам.
Ин тавр муомила маро хуш наомад. Лекин худро аз даст надодам. Мехостам то ба охир бифаҳмам, ки ин мард чӣ гуна махлуқест.
– Аз Меҳрӣ, аз духтари ширинатон ба Шумо салом овардам.
– Ҳа, вай ҳаромӣ-мӣ?
– Не, не, акои Назир. Шумо хато мекунед. Вай ҳақикатан духтари шумост.
– Инро шумо аз куҷо медонед?
– Он чӣ ки аён аст, ҳоҷат ба баён нест.
Мард маънии ин суханҳоро аз афташ нафаҳмид, ки даст афшонда нимғурма луқма партофт:
– Ҳа, дар вақташ як беаклӣ кардем-да. Аз куҷо медонистам, ки ин хел мешавад.
– Шумо хавотир нашавед, ако. Меҳрӣ ба шумо бор шуданӣ нест. Вай ҳамту нишонии шуморо дода хоҳиш кард, ки салому пайғомашро расонам.
– Ман медонам, ин салому алейк чӣ маънӣ дорад.
– Хато мекунед, ако. Ман Меҳриро хуб медонам. Вай ба чизи шумо мўҳтоҷ нест. Ман донистанӣ ҳастам, ки саломатии шумо чӣ хел аст? Зиндагиатон дар ин шаҳрҳои мусофирӣ чӣ тур?
– Бад не, земляк! Дида истодаед-ку, ҷумбида истодаем.
Лаҳзае хомўш мондам, чаро ки харидорони сақич бисёр шуда буд. Имкон додам, ки мард савдояшро давом диҳад. Гумон доштам, ки мардак ҳоли ҳозир ба худ омада «Меҳрӣ чӣ ҳол дорад?
Зиндагиаш чӣ тавр?» – гўён пурсон мешавад. Вале ҳайҳот. Дидам, ки аз санг садо меояду аз вай не, суол кардам:
– Ман пасфардо ба Душанбе бармегардам. Ба Меҳрӣ ягон гуфтание доред?
– Не, на... медонам, – нимғурма посух дод мард.
– Агар пурсад, чӣ гўям?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё