Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Хайр, то боздид, духтари ширинам».
Ҳайрон мондам, ки падари ман пайдо шудааст. Баъди бист сол вай маро суроғ кардааст, «ҳаромии» худро ёд кардааст. Чӣ ўро ба ин маҷбур карда бошад? Чӣ касе бошад вай? Дар шаҳри дур чӣ кор мекарда бошад? Хайр, он рўз дур нест, ки дидори ў муяссарам мешавад. Ҳоло дар ҳаққи ў носазо гуфтан барвақт. Ҳар зоғеро доғе гуфтаанд.
Баъди ин бо нишонии вай чанд нома навиштам. Вале беҷавоб монданд он номаҳо. Ва оҳиста-оҳиста ман ўро боз аз нав фаромўш кардам. Гумон кардам, ки касе шўхӣ кардааст, ё ба торҳои асаби ман нохун заданист.
Ҳамин тавр боз аз байн даҳ сол гузашт. Дигар аз ў дараке нашуд. Намедонам зиндааст ё мурда. Дар ин байн ман аз модари ҷонам абадӣ чудо шудам. Падарандарам бемории бистарӣ шуд.
Маҷбур шуда донишкадаро тарк кардам. Ба хотири тарбияи фарзандони кўчаки хонадон аз паи кор шудам. Инак, чунон ки мебинед, ман дар ин ҷо кор мекунам. Шавҳар кардам, фарзанддор шудам, зиндагиам бад не.
Дирўз, вақте шунидам, ки Шумо ба Симферополь меравед, ногаҳон он мард ба хотирам расид. Шаб дафтарҳои хотираро варақгардон карда, ногаҳон нишонии ўро дарёфтам. Аз карнайчи як пуф, ако. Агар имкон шавад, суроғаш кунед. Ақаллан бинед, ки вай чӣ касест ва чӣ сурату симо дорад?
– Хуб шудааст, Меҳрӣ. Ман кўшиш мекунам. Агар ёбам, чӣ гўям?
– Ҳеҷ чиз нагўед. Гўед, ки духтари ширинатон ҳоло ҳам шуморо интизор. Бечораро тўҳфа ваъда карда будед, то ба ҳол интизор аст. Ин коратон хуб не. – Гапи Меҳрӣ оҳанги тамасхур дошт.
– Хуб шудааст, Меҳрӣ. Ман медонам, ба ў чӣ гўям.
... Ҳамин тавр, ман иҷрои ду супориши муҳимро бар дўш гирифта, ҷониби Симферополь парвоз кардам.

Баъди саранҷоми корҳо, санҷиши номаи аскарон, мулоқот бо онҳо роҳи Ялтаро пеш гирифтам. Савори троллейбус, баъди тамошои манзараҳои нотакрори атроф ба Ялта расидам. Дар меҳмонхона ҷой гирифтам. Ва аввалин коре, ки мекардам, ин буд, бояд фавран аз паи иҷрои супориши Меҳрӣ шавам.
Бо ҳамин ният аз меҳмонхона берун шуда пурсида-пурсида, кўчаи даркориро пайдо кардам.

пешина
аз 315
навбатӣ