Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Инро гуфта вай аз нав худро ба чопи навиштаи дар пешаш буда андармон сохт ва илова кард: – Агар хоҳед, ин бегоҳ ба хонаи мо биёед, сўҳбат мекунем.
– Шавҳаратон дар хона?
– Не, дар сафар хизматӣ.
– Ин тавр бошад, намеравам. Бубахш, Меҳрӣ.
– Метарсед?
– Ҳа.
– Аз чӣ?
– Аз ғайбати мардум.
– Ман парво надорам. Шавҳарам ба ман бовар мекунад.
Муҳимаш ҳамин. Мардум чӣ мегўянд – кори онҳо.
– Лекин зани ман бовар намекунад.
– Ихтиёратон, ман Шуморо даъват кардам. Хоҳед, марҳамат.
Дари ман ба рўи одамонии нек ҳамеша кушода.
– Раҳмат. Шавҳаратон ояд, албатта меравам. Ман охир ўро хуб мешиносам. Хайр, ман дар дафтари корӣ мешавам. Агар шаҳодатномаи сафар тайёр шавад, хоҳишмандам оварда ба ман диҳед.
– Хавотир нашавед, мерасонам.
Ба дафтари корӣ даромада, дар бораи Меҳрӣ фикр кардам.
Ман ўро хуб намешиносам. Дар борааш аз ҳамкорон каму беш шунида будам. Рост буд ё дурўғ, ҳар хел гапҳо буд дар ҳаққи ў.
... Ману Меҳрӣ рўзе сўҳбат кардем. Ҳикояти ўро ман дар дафтари кориам шунидам. Раис ба таври оҷил ба идораи болоӣ рафт ва ў назди ман омад...
– Модарам дар синни бистсолагӣ бо чавонмарде шинос мешавад. Бекасу кўй будааст вай. Бобокалонам сағираги ўро ба ҳисоб гирифта хонадомод мекунад. Баъди чанд моҳи хонадорӣ ман дар қадди модарам пайдо мешавам. Инро фаҳмида шабе он ҷавонмард аз ҳавлӣ ғайб мезанад. Модарам як шаб, ду шаб, як моҳу ду моҳ мунтазир мешавад, вале аз вай ному нишоне намеёбад. Ҳама гумон мекунанд, ки ў дар ягон ҷо ба ҳалокат расидааст.
Кофтукови милиса ҳам натиҷае намедиҳад.
Баъди шаш моҳи интизорӣ ба номи модарам мактубе меояд.
Модарам аз ҳусни хат муаллифи онро мешиносад. Дар рўи як варақ коғази сафед се ҷумла навишта шудааст: « Аз ман хавотир нашав. Маро фаромўш кун, метавонӣ шавҳар кунӣ. Рав, се талоқ!

пешина
аз 315
навбатӣ