ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
Пештар омадам.
Вай коғазҳои паҳну парешони рўи мизро ин сў он сў тагу рў карда, ниҳоят чизи даркориашро пайдо кард.
– Ба номи идораи мо аз қисми ҳарбии Симферополь, аз номи ҳамшаҳриёнамон арза омадааст. Маслиҳат карда, санҷиши онро ба ту месупорем. Агар нағз иҷро шавад, оянда ба ҳисоб мегирем.
– Раҳмат барои боварӣ, муаллим. Кай ба роҳ бароям?
– Метавонӣ аз пагоҳ. Ба Меҳрӣ гўй, ки ба муддати як ҳафта командировка нависад.
– Ташаккур, муаллим, – хам шуда таъзим карда пуштнокӣ то таги дар омадам. Ба ҳамон минвол аз кабинет берун шуда қариб буд, ки ба бағали Меҳрӣ дароям.
– Ҳамвор, ако, ба Шумо чӣ шуд? – Овози нарми Меҳрӣ маро ба худ овард.
– Ман... Ман, э мебахшед, Меҳрихон...
Ин дам овози хўҷаин ба воситаи селектор баланд шуд.
– Маячка!
– Лаббай, Қамбар Аслонович!
– Ба ин сағира ба муддати як ҳафта ба Симферополь командировка навис.
– Хуб шудааст!
Меҳрӣ ба ман рўй овард.
– Кайф-ку.
– Чаро.
– О, мардум соҳили баҳрро орзу мекунанд. Ё Шумо ба Ялта рафтанӣ нестед?
– Не, шунидед-ку, ба Симферополь меравам.
– О, Шумо чӣ хел одам? Ба Симферополь рафта ба Ялта наравед, беҳтараш, умуман наравед. Он тарафаш бо троллейбус се соата роҳ. Ҳатман равед.
– Ё оллоҳ ё насиб!
– Ана, ин гапи дигар. Акбар-ака, аз Шумо як илтимос.
– Хуш, чӣ биёрам.
– Э, ба ман ҳеҷ чиз лозим не. Шумо ба ҳарфи ман гўш диҳед.
– Хушш.
– Агар тавонед, агар ба Ялта равед, агар...
– Хушш, чӣ кор кунам?
– Иҷро мекунед?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё