Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Наметавонам, қудрат надорам. Илоҷе карда хобатонро ёбед,
– Сулгун хост дасташро оҳиста аз дасти Алишер кашида гирад.
Вале ҳис кард, ки вуҷудаш месўзад, худро бемадор ҳис кард. Дасташро бо азобе, бо дили кашол раҳо кард ... ва ба шитоб вориди меҳмонхона шуд.
Аз пас суханони Алишер «Сулгун, хоби маро дуздидед, хобамро баргардонед» ба гўшаш дилнавоз расиданд...

Вақте ки Алишер дар сари фармони мошин ин лаҳзаҳоро ба ёд меовард, дар тори ҳаво, дар баландии даҳ ҳазор метр андаруни ҳавопаймо байни Саломат – завҷаи ў ва ҷавонзани туркман Сулгун сўҳбати ширине мерафт. Вақте Саломат фаҳмид, ки Сулгун шавҳари ўро мешиносад, аввал дасту по гум кард. Вале худро ба даст гирифт. Ба ҳикояти ў гўш дод.
Ҳамаашро фаҳмид. Саломат ба хотир овард, ки Алишер баъди бозгашт чанд маротиба номи як ҷавонзани шўхи туркманро ба хотир оварда буд. «Ман шуморо ҳамин хел шўху зиндадил ва кушодачеҳра тасаввур мекардам» – гуфт ў ниҳоят ба Сулгун рў овард.
Онҳо баъд дар хусуси хабарномаҳо сухан карданд, хуб хандиданд ва ба чунин хулоса омаданд, ки Алишерро камтар бозӣ медоронанд.
Ҳавопаймо ниҳоят дар вақти муқаррашуда ба замин фуруд омад. Алишер дар як кунҷ истода чашм аз фурудомадагон намеканад. Ниҳоят Сулгун намудор шуд. Алишер ба Далер ишора кард, ки маънии «Ана, ҳамон аст»-ро дошт. Ниҳоят Саломат ҳам берун омад. Алишер ҷониби ў даст афшонд...
Саломат гулдастаеро аз дасти шавҳараш гирифта ўро бусид.
Алишер ҷомадонро бардошта саросема пеш даромад.
– Ин қадар саросема, дадош? – пурсид бо ноз Саломат.
– Туро ёд кардам, – филвар посух дод Алшер, то ки чашми Сулгун ба вай наафтад.
– Камтар сабр кун, ман ҳамроҳ дорам. Вай куҷо шуд? Ҳо, ана!
Сулгун! – хитоб кард ў.
Алишер як қад парид, ранги рўяш канд. «Худо зад, сир фош шуд» – филфавр аз дил гузаронд вай.
Сулгун назди онҳо омад. Боадабона ва бо ҳамон нозу адои дилбарӣ салом дод. Вале табассуми малеҳи лабонашро ҷамъ карда натавонист.

пешина
аз 315
навбатӣ