Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Вай аз вазиши шаббодаи хунук ба худ омада оҳи вазнине кашида ба купэ ворид шуд.
... Онҳо – Алишеру Сулгун дар яке аз гулгаштҳои шаҳраки Острава, бегоҳирўзӣ, баъди хўроки шом «оштӣ» карданд. Алишер аз меҳмонхона берун шуда баъди ду-се кўчаро гузаштан ба гулгашти зебое баромад. Ногаҳон чашмаш ба Сулгун афтод. Вай танҳо. Болои хараки ба пуштхамида нишаста китоб мехонд. Ўро дида Алишер миёни роҳ истод. Чӣ кор кунад? Худро нодида ангошта гузашта равад? Хайр, ана рафт. Пас чӣ мешавад? Ҳеч чиз.
Хубаш он нест, ки бо ў оштӣ кунад. Охир, вай дар ин чанд рўзи сафар ба хубӣ омўхт, ки Сулгун зани ганда набудааст. Дигар гапи баланд намезанад. Ҳамеша хомўш, аз дигарон гурехта мегардад.
Ба маъракаҳо ками дар кам ҳамроҳ мешуд.
«Наход, ки ман то ҳамин дараҷа ба иззати нафси ў расида бошам?» – аз дил мегузаронд Алишер. «Не, ин нағз не. Илоҷе карда аз дилаш баровардан лозим. Охир онҳо дар ин ҷо муқимӣ нестанд-ку. Баъди чанд рўз сафар ба охир мерасад. Ва онҳо ба ду гўшаи ватан мераванд. Кӣ медонад, шояд дигар дида ба дидор нарасад. Наход Алишер бо рафтори бадаш дар дили Сулгун то охир ҳамин хел монад. Не, қомати ғурурро хам бояд кард. Ин ба мард намезебад. Ҳарчӣ набошад, ў зан аст. Мард аз зан узр пурсад, ягон ҷояш кам намешавад.
Бо ҳамин андешаҳо Алишер ба Сулгун наздик шуда аввал сохтакорона сулфае кард. Сулгун сари мўе эътибор надод. Сулфаи Алишер такрор шуд.
– Устухон дармонд? – сар набардошта оҳиста сухан кард Сулгун. «Оҳ, як бар нол рафт. Маълум мешавад, ки чандон сахт наранҷида будааст. Ҳамшаҳриёнаш беҳуда нагуфта буданд, ки Сулгун табиатан ҳамин хел шўху саркаш аст. Дар як лаҳза метавонад ба чанд тарз дигар шавад».
– Ба назарам, ҳамин хел, – бори дигар аз таҳти дил сулфида посух дод Алишер.
– Ёрдам кунам, – бо ҳамон вазъ пурсон шуд Сулгун.
– Кошки. – Алишер шерак шуда паҳлўи Сулгун нишаст.
– Оҳҳо. Ҳуҷум шерона-ку, – китобро пўшида ба чеҳраи Алишер нигоҳкунон як табассуми ширин ҳадя намуд Сулгун.
– Як бори дигар таъна кунед, ҳуҷум филона мешавад, – зарофатгўӣ кард Алишер.

пешина
аз 315
навбатӣ