ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
Фаромарз (аз гуфтори Гургин баланд хандида).
Эй гурди фирўзбахт,
Ту рав пеши ў, пой дор андаке,
Ки то ман гироям мар-ўро яке.
Бубинам, ки то ҷанг чун оварад,
Чӣ созад, ки душман нагун оварад.
Гургин. Агар ман битобам зи роят инон,
Ба ман баркушояд гурдон забон.
Бирафтам ман акнун ба фармони ту...
Гургин вориди майдони набард мешавад. Ба Барзу рў ба рў меояд.
Барзу. Эй бехирад!
Барошуфт бар ту магар рўзи бад!
Ҳамоно ки аз умр сер омадӣ,
Ки чунин ба чанголи шер омадӣ!
(Ба Гургин ҳуҷум мекунад ва бо як зарба ўро аз по меафканад. Ин ҳолро дида, Фаромарз ба майдон медарояд).
Фаромарз. Эй паҳлавонзодаи некзод,
На дархўрди чанги ту аст ин савор.
Ки марди ту омад кунун пойдор!
(Ба Гургин).
Эй паҳлавон!
Ба наздики Хусрав рав, эдар намон.
Барзу. Эй ҷангҷўй!
Чаро омадӣ назди ман пуя-пўй?
Ба пайкори шер аз чӣ дер омадӣ?
Ҳамоно, ки аз ҷанг сер омадӣ?
Фаромарз. Чӣ ошўфтан аст?
Ҳама кори ман хўрдану хуфтан аст.
Чу дӣ боз гаштам аз ин размгоҳ,
Ману Хусраву меҳтарони сипоҳ.
Чу хуршеди тобон ба бурҷи бара,
Ба хўрдан ниҳодем сар яксара.
Ман аз шоҳ бисёр хўрдам фузун,
Будам ман ба хоб – андарун то кунун.
Барзу (худ ба худ). Ин савор
Чу ошуфташере ба дашти шикор,
На он марди ҷанг асту он дасти ҷанг,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё