Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Чаро тоҷи шоҳӣ ниҳӣ бар сарат?
Ба яздони додору рўзи сафед,
Ба гардуни гардону тобанда шед.
Ба фархунда фаррух маҳи Фарвадин,
Ба оини базму ба майдони кин,
Ки гар дил бар ин кор пуркин кунам,
Мар-он мардро хишт болин кунам.
Ситонам эй Кайхусрав он тоҷу тахт,
Намонам ба он бум шохи дарахт.
Ҳама бумашон ҷумла вайрон кунам,
Ку номи палангону шерон кунам!
Афросиёб (рў ба ганҷур гардонда)
... Даҳ бадра зар,
Ҳамон тоҷу он ёраи богуҳар,
Зи дебои зарбафти румӣ се тахт,
Зи ёқуту пирўза тобон се лахт,
Дусад хубрўёни тотору чин,
Зи дебо саропардаву аспу зин!
Ганҷур. Сар ба фармонатон ҳастам, олампаноҳ!
(Меравад).
Барзу (ба Афросиёб). Тайёрам ба набарди Рустам!
Афросиёб (рў ба осмон оварда).
Шукрат, эй яздони пок, ки дили ин ҷавони бебокро ромам кардӣ! (Ба Барзу).
Аҳсант, эй яли номдор!
Зафар ёрат бод!

Ҳавлии модари Барзу Шаҳрў. Модар чашм дар роҳи писар аст. Ниҳоят дар кушода ва Барзу хушҳол ворид мешавад.
Барзу. (тўҳфаҳои Афросиёбро пеши пои модар партофта).
Бигир, модарҷон, ин ҳамаро!
Шаҳрў (ҳайрон).
Ин чист ва аз куҷо бар ту расида?
Барзу (даст ба ҳаво бардошта) Албатта, аз ҳаво не! Тўҳфаҳои Афросиёб аст ин!

пешина
аз 315
навбатӣ