ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
Хайр, масалан, Бозгул розӣ шуд, ки бачаҳоро гирифта ба маркази ноҳия биравад. Баъд чӣ? Магар Муродалӣ бо он ҳоли зоре, ки дорад, ҳамаи онҳоро хўрондаву пўшонда метавонад?
Ҳаргиз! Ҳаитбой метавонад! Зеро як рама гўсфанд дорад, пули зиёде дорад, ки ин пешаи пурмашаққатро партояд ҳам, як умр таъмин хоҳад буд. Ў бар пои худ истодааст, на он масхарабози беҳунар рўи поҳои чўбӣ!
…Ана боркаш ба канори роҳ гашта, қариб ки ба кўҳ часпид.
Роҳ – кушода. Ҳаитбой метавонад озодона гузашта равад. Дигар чизро ҳам чашм надошт вай аз рақиби ношудаш. Худи ў дигар кор мекард: ҳамин ки мошинҳо баробар шуданд, мошинашро меронд ва мошини рақиб ногузир ба қаъри ҷар мепарид. Исбот кун, ки амали бадқасдона аст он, на тасодуф. Вале ба чунин рафтор мард қодир аст, марде, ки қавлу амалаш фарқ надорад. Муродалӣ ҳаргиз чунин намекунад, ў ҳар садақаи Ҳаитбойро, шодона мепазирад, Ҳаитбой мемураду ба ин роҳ намедиҳад!
Ва Ҳаитбой коре кард, ки Муродалӣ ҳеҷ интизор набуд:
боғазаб фармонро ба чап тоб доду бо роҳи пурпечутоб ба кўҳ часпид. Муродалӣ нафасгардон шуд: қисмат натанҳо имкони ягонаву охирин дод, балки худ Ҳаитбойро аз сари роҳи ў дур карданӣ ва ҳама шубҳаву гумонро нисбати маргаш аз ў бардоштанист.
Мотори «Нива» фиғон мекашиду чархҳояш девонавор тоб мехўрданд, вале худ аз ҷо намеҷунбид. Маҳз он чизе рух дод, ки Муродалӣ аз таҷрибаи бисёрсолаи шофириаш медонист. Роҳи кўҳро қабати ғафси ях ва яхро гарду чанги андаке пўшонда буд ва кас гумон мекард, ки баҳузур бо он рафтан мумкин аст. Гардиши чархҳои сабукрави муқтадир яхро урён карданд ва акнун шофираш ҳарчанд мекўшид, пеш не, пас мерафт. Акнун Ҳаитбой бояд суръатро батамом партояд ва тормоз дода – тормоз дода, фармонро ҷониби рост гардонад ва оҳиста ба роҳи рафтааш баргардад. Вале дар айни ҳол ин кор ҳам имконнопазир буд: поёнтар бардамае ба чашм мехўрд, ки агар мошин ба он барояд, ҳатман чапагардон шуда, ба ҷар меафтад. Оре, ба ҷар ва ҳафтод метр ғелида бо сад садо ба сангҳои қаъри он бармехўраду ба оҳанпораи бешаклу бемаъние табдил меёбад. Одам чӣ? – аз даҳшат ҷон аз баданаш мебарояд, на ҷунбида метавонаду на дод гуфта ва бо ду даст ба фармон часпида, лаҳзаҳои вопасини умрашро мешумурад…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё