Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Вале тўҳфаҳо ҳатман ё ба Одили пиёлачашм мерасиданд, ё ба Мунираи чусту чолок, ё ба Рустами бодиққату камгап. Дар ҳар ҳол бачаҳо самимона шод мешуданду хандаашон ба фалак мепечид. Муродалӣ бозиҳои нав ба навро пешкаши онҳо мекарду ноаён ба соат менигарист ва ба даҳшат меафтод, ки дақиқаҳо чӣ сон шитоб мекунанд.
Баъд девори хонаи Бозгул рўшан шуду филм оғоз ёфт. Бачаҳо мултик диданд, калонсолон филми «Гаравгон»-ро ва ҳама қонеъ буданд. Ҳама, ҷуз киномеханик. Ў дар он ҳавои говгум пайваста ба чеҳраи пуркидаи Бозгул менигаристу ҳеҷ сер намешуд. Солҳо асари худро монда буданд. Дар он чеҳраи замоне софу беғубор – гўшаҳои чашмонаш чинҳо менамуданду рўмолашро то рўи абрўвонаш хамонда буд, то сафедии мўйҳои рахшонаш натобанд.
Шояд дар чашми дигаре менамуд ин гузашти солҳо, вале барои Муродалӣ ҳанўз ҳам зеботар аз Бозгул зане набуд дар дунё. Акнун ў ҳақиқати кўҳнаеро пурра дарк кард, ки «Лайлиро бо чашми Маҷнун бинигар» Ва бо чашми дилдодаҷавоне менигарист ба ўву менигарист…
Афсона, афсона! – ба фазо печид фарёди бачаҳо, ҳамин ки кино тамом шуд.
– Майлаш, – бечунучаро розӣ шуд Муродалӣ. – Лекин, беҳтараш, бароятон ривояте мегўям, ки ҳамин рўз дар ин қўҳсор тавлид шуд. Ривояте, ки ҳам барои хурдсолон аҷиб асту ҳам барои бузургсолон.
Ва ў қиссаи паричеҳраеро нақл кард, ки деви золиму маккор дар қалъаи сеҳрнок маҳбусаш намуда буд. Бисёр ҷавонони далер баҳри раҳондани ў кўшиданд. Вале суханони нотакрори муҳаббаташон кифоят накард ва деворҳои осмонхароши қалъа мустаҳкамтару побарҷотар шуданд. Дев он ҳама далеронро тўъмаи хеш кард ё ба пораҳои кўҳу пуштаҳо табдил дод.
Навбати ҷавони кўҳистоние шуд ва ў бо суханони оддиву фаҳмо ба изҳори муҳаббаташ пардохт. Табиат худ ёрманди он ҷавон гардид, чунки ишқи ҳақиқӣ касеро бетараф нахоҳад гузошт…
Муродалӣ қисса мекарду аз рўи Бозгул чашм намеканд. Ва медид, ки низ барои ў азиз аст; зан низ, чун вай, ин ягона рўзи солро, ки умедбахшу муттакои дилаш аст, беқаророна интизорӣ мекашид.

пешина
аз 315
навбатӣ