ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
Муродалӣ аз кабина баромаду ҳамоно дар худ фурў рафт – аз дара шамоли хунуке мевазид, барфи реза батадриҷ атрофро сафедпўш мекард. Як роҳ, рост рафта, шахро печонда бо ҳамон печутоб болои теппаҳо мебаромад. Агар бо он биравад, боз се соаташ дар роҳ мегузарад. Яъне, ба бошишгоҳи чўпонӣ тақрибан соати дуи рўз мерасад. Ва ҳамагӣ чор соат вақт хоҳад дошт, ки кино нишон диҳаду барои кўдакон афсона гўяду… Барои сўҳбат бо Бозгул ё ҳамтур бо ў будан як соат, ҳамагӣ як соат вақт мемонад ва то дидори дигар боз як соли дароз бояд интизор бишавад.
Ба чап гашта, бо роҳи дигар ҳам, ки мушкилтар аст, рафтан мумкин. Он кўтоҳтар аст ва якуним соат пас ба манзилаш мерасонад. Вале бахусус хавфнок аст он роҳ ва агар мошинро зўр биёяду ақиб гардад, ногузир ба ҷарии бетаге меравад, ки ду қадам дуртар аз мошинроҳа даҳон воз кардааст. Он гоҳ на ин дидор муяссар мешаваду на дидори баъди як сол…
Муродалӣ лаби ҷар рафта, ба поён нигарист. Шаст-ҳафтод метр дуртар дандонаҳои тези шахҳо ба назар мерасиду он ҷое, ки тобистон рўди пуроби кўҳӣ мехурўшид, оинаи ях медурахшид.
Ў оҳи сарде кашида, бо роҳи рост равон шуд. Беқарорӣ мешитобондаш, вале аз тамошои атроф низ чашм канда наметавонист. Кўҳҳо ҳаргиз ба дили кас намезананд. Дар ҳар фасли сол ба ҳар ранг ҷилва мекунанд онҳо. Ҳоло хамидақоматтар менамоянд, гўё зери бори барф ҳам задаанд; он рангиниашон ҳам намондааст
– бештар хирарў метобанд, вале чӣ тамкину шукўҳи файласуфонае доранд! Чунин ба назар мерасад, ки кўҳҳо маҳз дар фасли зимистон ҳикматеро дармеёбанд, ки дар пушти сар намудани тўфонҳову бўронҳо ва муқобилат ба носозгориҳову ба оянда умедвориҳое дастгирашон мешавад. Аз ин хусус андешида Муродалӣ фармонро тобондаву гўш ба овои мотор дода ва, аҷиб, ки алами дилаш ноаён фурў менишасту саропояшро таскину оромише фаро мегирифт.
Дар кўҳтали охирин баногоҳ мошинро ях партофт ва он қариб ба шахе бархўрда буд. Муродалӣ зуд фармонро ба рост тофта, онро дар рўи роҳ нигоҳ дошт. Чунин ба назар мерасид, ки он боркаши фартут қуввати ба ағба баромадан надорад, вале чун пири маҷбур қадам шумурда-қадам шумурдаву гўш ба садои дили бемадор, яъне мотораш дода, пеш мерафту пеш.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё