Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Барояш шеърҳо мехонд, бо забони шоирони куҳан мардумаки чашмони сиёҳашро ба ҳабаши бераҳме ташбеҳ медод, ки ба қатли ҳар кас омода аст, рафторашро ба оҳуи кўҳсор монанд мекарду бўсаҳояшро ба оби шўре, ки ҳарчанд бихўрӣ, ташнатару ташнатар мешавӣ…
Муродалӣ нахустин бор азамату дилрасии шеърро ҳамон вақт дарк кард. Бозгул таънааш мекард, ки барояш номаву шеърҳо наменависад, вале, чӣ кунад, бечора, ки наметавонист. Дилаш он қадар саршори эҳсосу суханҳо буд, ки варақҳои коғаз ба назараш бисёр хурду ночиз менамуданд ва ҳаргиз қодир набуданд сели беинтиҳои нахустишқи варо биғунҷонанд.


Ҳисор шаҳракест воқеан кўчак ва ҳар рози пинҳон зуд ошкор мешавад. Аз муҳаббати Муродалию Бозгул аввал дар мактаб миш-миш шуд, баъд дар хонаи ҳамсинфонаш. Лабхандҳо, писхандҳо, нешхандҳо сар шуданд…
Падари Бозгул марде буд басо қатъӣ ва шариатпараст. Ў духтарашро ба деҳаи дурдасте, назди хешовандонаш бурду Муродалиро огоҳ кард, ки агар бори дигар кўшиши дидани Бозгул кунад, мекушадаш. Бо ҳамин қиссаашон поён ёфт. Ҳа, пеш аз фироқи тўлонӣ дидор муяссарашон шуд ва аҳду паймон карданд, ки баъди мактаб ба Душанбе рафта, ҳамроҳ ба донишкадаи санъат дохил мешаванд. Вале, «сухани хона ба бозор намеояд рост»…
Бозгул «номаи камол» гирифту ба Ҳаитбой – писари чўпони номдори ноҳия ба шавҳараш доданд. Мегуфтанд, ки падари домод чунон қалине овардааст, чунон қалине овардааст, ки…
Дар дили Муродалӣ тарақе пайдо шуд. Чун дар рубоби кўҳнае, ки мешавад навохташ, вале дигар он савту наворо надорад.
Баъд ў мактаби шофириро хатм карду аскарӣ рафт. Баробари бозгашт бо талқини модар ба духтари ҳамсояашон – Азиза хонадор шуд, ҳарчанд бо дили нохоҳам, вале орому беғавғо зиндагӣ мекард, зеро медонист, ки дар қисмати ноҷўраш Азиза гуноҳе надорад.
Писаракашон Ислом зода шуду баъди чанд соли дигар Азиза ба иллати дарди гурда бистарӣ гашт. Муродалӣ дигар зан нагирифт – никоҳи бемуҳаббатро бадбахтӣ медонист, муҳаббат бошад, дигар ба ў рух нанамуд.

пешина
аз 315
навбатӣ