Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ў чеҳраашро пур аз орзўҳои ширин карда, дасташро аз сари сина сўи шишаи мошин бурд ва лаҳзае авҷи рози дилро пеши рў овард. Ва, ана, деви мудҳиш аз куҷое пайдо шуду гирудор ногузир аст…
Чеҳраи Муродалӣ ҷиддӣ гардид, чашмонаш танг шуданд, дар мардумаки дидагонаш дурахши сарде падид омад…
Ў бори дигар худро дар оинаи паснамо нигариста қаноатманд гашт. Ифоданок аст чеҳрааш… Эътимодбахш… Мешавад, ки пантомимаи паричеҳраи асир, ҷавони дилдода ва деви даҳшатдоро ба чўпонон нишон бидиҳад.


Роҳи пурпечутоб торафт болотараш мебурд. Рўзи зимистон гўё ба дили нохоҳам андак-андак гарм мешуд. Сояҳои тира дар домани шахҳо афтодаву ба девори ҷариҳои бетаг ҷафс мешуданд ва аён мегашт, ки шаб нияти дур рафтан надорад. Балки гўшаҳои ниҳонеро ихтиёр намуда, рўзи кўтоҳро дар ҳамин ҷо паси сар карданист.
Абрҳои тирафом хело паст фуромада, қуллаҳои дандонадори қаторкўҳҳоро ниҳон карда буданду аз дараҳо боди сарде мевазид ва Муродалӣ аз дил гузаронд, ки аз афти кор бегоҳӣ боз барф меборад. Бигзор биборад, дар кўҳсор ҳар қадар барф зиёд биборад, ҳамон қадар беҳтар аст. Баҳорон об фаровон мешаваду кори пахтакорон осон. Чўпонҳо ҳам маҷбур намешаванд, ки дар оғози зимистон рамаҳоро аз пахтазорон сур карда бубаранд, то гўсфандон баргҳои тираи хазонзадаву буттаҳои ғўзапаяро хўрда, замони бо алафи захира сер кардани хешро ақиб партоянд.
Ҳамааш гап аст, ки тоҷикон зимистонро дўст намедоранд:
офтоб дилу ҷонашон аст ва сардии андак малўлашон месозад.
Мегўянд, чунки намедонанд. Дар асл ҳамаи фаслҳо заруранд: зимистони қаҳратун ҳам, тамузи тобистонӣ ҳам, ки рўи капоти мошин баҳузур тухм бирён кардан мумкин аст…
ГАЗ-51-и кўҳна фиғон кашида, дар шебу фарози қаторкўҳи Ҳисор, ки дар оғўши дурдасташ чўпонҳо зимистон мегузаронданд, пеш мерафт. Дар болои мошин қуттиҳое ҷастухез доштанду ба сутуни паси кабина арчаи хурди пурбозичае баста шуда буд.
Фаҳмо, ки Соли нав фаро мерасад. Фарзандони чўпонҳо зимистонро дар назди падару модаронашон мегузаронанд, батадриҷ ба заҳмати сангини чорводорӣ одат мекунанду баъди мактаб роҳи паси рамаҳоро пеш мегиранд.

пешина
аз 315
навбатӣ