ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
Хайр, илоҳӣ, сари домод дар амон бошад, кор карда боз ёфта мебиёрад. Дар ҳаққаш шабу рўз дар панҷ вақти намозам дуо мекунам.
– Майлаш, ота, бигузор гуфти шумо шавад. Дигар илоҷамон ки набошад, ҳамин тавр мекунем. Бароварда медиҳаму ҷонам халос. Шояд баъди ин ману бачаҳоям аз таъқиб халос шавем. Вагарна аниқ девона мешавам. Ин чӣ рўзи сиёҳ аст, на шаб хоб дораму на рў. Офарини одамоне, ки дар сандуқҳояшон миллиёнмиллиён пулу доллар доранд!
– Парво накун, духтарам. Саратон сиҳат бошад, пулу мол ёфт мешавад. Ҳамакаса шуда, аз як гиребон сар бароварда, хатнатўйи бачаҳота мегузаронем.
– Кошкӣ ҳамин тавр шавад, ота. Сар амон бошад, ҳама чиз ёфт мешавад. Хайр, анун ба ман иҷозат. Зудтар баргардам. Ба очам омадани маро нагўед, хавотир мешавад, дилашон касал.
– Ҳа, дуруст мегўӣ, духтарам. Ба очат чизе намегўем. Ман ҳозир! – падар аз ҷой бархоста, ба хонаи дарун гузашт ва муддате бедарак шуд. Баъди фурсате, бастаро оварда, пулҳои амрикоиро якта-якта шумурда, гуфт: – Ана, расо ду ҳазор, духтарам. Амонатро намебояд хиёнат гуфтаанд. Амонататро хуб нигоҳ доштем, лекин чӣ илоҷ, ки насиби ҳайвонҳои одамсурат будааст.
Адолат хомўшона бастаро ба сумкааш андохта, аз ҷой хест.
Падару бародар ўро то беруни дарвоза гусел карданд.
– Адолат, духтарам, – бори дигар таъкид кард падар, – Хуни ҷавонӣ дорӣ. Мабодо ягон беақлӣ кунӣ. Ба ягон кас, ҳатто ба ҳамсояат чизе нагўй. Милисаро умуман аз хотират барор. Барои мо пулу мол не, ҷони туву бачаҳоят азиз. Ина аз ёд набарор.
Бародар нохост пурсид:
– Ё ҳамроҳат равам, хоҳари акош?
– Не, не! – қатъиян зид баромад Адолат. – Худам як илоҷ мекунам…
– Майлаш, хоҳар, худат медонӣ. Ба ҳар ҳол, эҳтиёт шавд.
Отам дуруст гуфт, ба он тоифа сарбасар шудан бефоида.
Ин дам автобус омаду Адолат саросема ҷониби он тохт.
– Хайр, духтарам, илоҳӣ, ба нағзӣ бинем, – падар ким-чӣ дуо хонда, рўй ба қибла гардонду даст ба рўй кашид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё