Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Агар «меҳмонони нохонда» шаб омада бинанд, ки ман дар хона нестам. «Ин занак моро ба ягон кас хабар додааст» гуфта аҷаб не, хонаамро оташ зананд. Чӣ душворӣ дорад ин кор! Як лагад занӣ, дари нимкора парида меравад. Баъди лаҳзае мебинӣ, ки хона титу парешон. Ё ҳамин лаҳзаҳо онҳо дар паси дарахте истода, маро поида истода бошанд? Ва ҳатман аз думболам мераванд. Кӣ медонад? Ин ошнои деринаи ман ду рўзи охир бе ному нишон, ҷамоли зебояшро нишон надода истодааст.
Шояд дар ин расвоӣ нақши ў калон аст, коргардон набошад ў…
Адолат сари роҳ як лаҳза ба хонаи Ситора даромада ўро огоҳ карду ба саволҳои вай кўтоҳакак посух дод: «Кори зарур баромад, баъд мегўям».
Адолат дар роҳи тарафи маҳаллаи Шимолӣ гоҳ-гоҳе ноаёну хавотиромез ба гирду атроф, ба пасу пеш нигоҳ мекард. Яқин дошт, ки думболагирӣ мекунанд он бешарафҳо, оромаш намегузоранд.
Бо ҳамин андешаҳо вай ба истгоҳ расид ва зуд ба автобусе, ки пури одам буд, савор шуду он бетаъхир ба ҳаракат даромад.

Андешаи Адолат аз ваҷҳи бедарак шудани Бахтиёр замина дошт. Ҳақиқатан, як шабонарўзи охир ў дар хона ҳузур надошт.
Бо хоҳиши модар ба аёдати хоҳари калонӣ, ба Сарбанд рафта буд.
Ва дина бегоҳӣ, шабтар ба хона омад. Касе аз ҳамсояҳо ўро надид. Кампир ғурбат кард, ки «чаро дер омадӣ, дар ин торикӣ ба роҳ баромадан хуб не, пасу пеш ҳама нотинҷ». Вай баҳона пеш овард, ки мошин дар роҳ вайрон шуд, то соз карда, ба роҳ даромаданд, ки торик шуд.
Бахтиёр, соат ёздаҳ нашуда, худро ба ҷойгаҳ андохт. Як ҳиси шаб аз садои ноошное ҳушёр шуда, гумон кард, ки модараш ово дорад. Ду бор «оча» – гўён муроҷиат кард, вале садое набаромад, ҷавобе нашуд. «Шояд хоб дида бошам» – гуфта худро боз ба ҷогаҳи гарм андохт. Кўрпаро ба сараш кашид. Вале фурсате нагузашта баръало ба гўшаш расид, ки касе дар берун, дар роҳрав гап зада истодааст. Ба гўшаш калимаҳои «ҳамсоя, писарамон касал…» расиданд. Баъди фосилае садои кушодашавии дар ва сахт пўшидашавии он ба гўш расид.

пешина
аз 315
навбатӣ