Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Мебахшед, ман халал нарасондам. Ҷой холӣ шуд, нишастам. Ҳамин тавр не? Ё гапам нодуруст?
Адолату Акбар, гўё ўро нашунида бошанд, посух надоданд.
Вале ҷавон ором намешуд:
– Чӣ, ман шуморо аз ҷоятон хезонда, ба ҷоятон нишастам?
– Ба забони тоҷикӣ гуфта истодаам, ки халал нарасон, – ба ғазаб омада, ба ту-ту гузашт Акбар. – Агар донистан хоҳӣ, мо бо бадмаст майли сўҳбат кардан надорем!
– Бадмаст? Наход шумо гумон кунед, ки ман бадмаст бошам?
Хайр, ана камтар… сад грамм бардоштам. Лекин ман маст нестам. Дар ин ҷо аз ман ҳушёртар нест!
Ин суханҳоро шунида, чанд каси он ҷо нишаста баланд хандиданд.
– Заҳра камаш ҳам заҳр аст, – гуфт Акбар. – Ана, нигоҳ кун.
Милисаҳо тайёр. Ба як ишора маҳтал. Бардоред гўям, поятро ба замин намонда, дег-деги сангӣ карда мебарандат. Баъди ним соат бо як майкаю труси дар кўча тани танҳо мемонӣ.
Ҷавон заҳрханда кард.
– Дуруст мегўед. Ман бо шумо ҳамфикр. Онҳо дар ин кор устухон надоранд. Бо як майкаю труси халос шавӣ, дарди бахайр.
Лекин агар ба даруни трусию майкаатон ягон бастаро халонда монанд, ана он вақт онаи зората мебинӣ. Бо сесад-чорсад доллар халос намешавӣ!
– Ҳамина, ки донӣ, бархезу аз паи корат шав. Ба ту бадиро раво дидан намехоҳам, ошно.
– Аҷаб одамоне! Рост гўӣ, дурўғ мепиндоранд. Ба гапи рост бовар намекунанд , – ҷавон оҳи сард кашид.
– Кадом гапро?
– О, ҳозир ба шумо гуфтам-ку. Ман бо шумо ҳамсоя. Дар як бино, дар як гузаргоҳ, дар як ошёна зиндагӣ мекунем. Ман ҳамааш шуда ҳамин гапро ба шумо гуфтам. Дигар гапи зиёдатӣ нагуфтам, ки малоли хотиратон шуда бошад. Агар хоҳед, суроғаатонро ҳам мегўям.
Акбар «уф, рўзамон медиҳӣ ё не?» – гўён боз овоз баланд кард ва … аз шасташ гашта афзуд:
– Ҳой, ошно, чӣ хел мо дар як гузаргоҳ зиндагӣ мекардаем, ки шахсан ман туро дар умрам бори аввал мебинам.
– Мумкин, мумкин. Ман ҳам шумоя бисёр дидагӣ не. Лекин ин хонуматон, э, мебахшед, занатон мана бисёр дидагӣ.

пешина
аз 315
навбатӣ