ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
Мариона ба телеграмма нимнигоҳе ҳам накард.
- Мебахшед! Ин қоғазатон ба ман ҳеҷ гуна муносибат надорад, – бепарвоёна ҷавоб дод ў.
Дар ҳақиқат ҳам Раҷаб Нуров дар ин бобат ба муқобили Мариона ягон далел надошт. Ўро гунаҳкор ҳам карда наметавонист!
Вай сўҳбатро бо Мариона қатъ карда, ба хулосае омад, ки хонаи ўро кофтукоб кунад.
Дар вақти кофтукоб аз хонаи Мариона ба ғайр аз мўи сунъии занона ва мардона чизи дигар ёфт нашуд. Мариона дар хусуси мўи сунъӣ фақат ҳаминро гуфт, ки, – «барои як шиносаш ёфта овардааст».
Ҳар се боз ба шўъбаи милитсия баргаштанд.
Аз вақти ба станцияи «Чу» рафтани Салим се рўз гузашта бошад ҳам, аз ў хату хабаре набуд. Раҷаб Нуров аз ин хомўшӣ ба ташвиш омад. «Наход, кораш барор нагирифта бошад, ё ба ў ягон воқеа рўй дода бошад?» фикр мекард худ ба худ ва чӣ кор карданашро намедонист. Вай ҳоло ҳалли бисёр масъалаҳоро дар муайян кардани шахсияти Менглиқул, дар куҷо Саид ҷазоро адо кардааст, «Медвед» кист, мазмуни телеграмма аз чӣ иборат аст? – медиду халос.
Ин ақида аз эҳтимол дур набуд. Ҳалли бисёр масъалаҳо ба сафари Салим вобаста буд...
Ҳамон шаб Менглиқул аз ваннахона баромада:
- Канӣ, ҷўраҷон! Акнун навбати ту. Шустушў карда, куфти раҳро барор – гуфта таклиф кард.
Салим мақсади Менглиқулро дарк кард. - Бисьёр хуб. Ташаккур. – Салим аз ҷо бархост, костюмашро бароварда, ба пушти курсие, ки дар он менишаст, овезон карду ба гармхона даромад. Дари гармхонаро баста, куртаашро бароварда ба рўи сурохие, ки барои дарро кушодан ва қулф кардан хизмат мекард, овезон кард. Сонӣ докае, ки ба болои захми пояш печонида шуда буд, кушода роҳҳат ва шаҳодатномаашро, ки пешакӣ аз кисаи костюм гирифта буд, ба банди пояш монда докаро аз болояш печонда баст ва оҳи сабуке кашида, аз миён болояшро шуст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё