ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
Ҳикоя
Аз аввал хондан- Кадоме аз ин занҳоро шумо дар ошхона дида будед?
- Надежда Петровна аввал ба ҳамаи онҳо нигоҳ карда, баъд бе ягон шубҳа ба Мариона нигоҳ кард.
- Ҳаминаш буд! – ҷавоб дод ў.
- Хато намекунед? – пурсид Раҷаб Нуров ба Надежда Петровна назар карда.
- Не, худи худаш! Хато намекунам! – ба қатъиян ҷавоб дод ў.
Петренко Мариона Александровна сарашро хам карда, чашмонашро аз фарши кабинет намеканд. - Ин тавр бошад, ба ғайр аз Петренко ба дигарҳо ҷавоб, ба шумо ташаккур, – гуфт Раҷаб Нуров.
Рангу рўи Мариона тамоман парида, хун дар рўяш намонда буд. Чӣ ранг гирифтани давоми корро мунтазир буд. - Хуш, Мариона Петровна! Шумо ҳамаи гапҳои шоҳидро шунидед? – пурсид аз ў Раҷаб Нуров.
- Ҳа, шунидам!
- Агар шунида бошед, пас ҳамон шаб дар ошхонаи сари роҳ ҳамроҳи кӣ будед?
- Ҳамроҳи як шиносам!
- Фамилия, ном, ҷои кор ва истиқомати шиносатонро гўед.
- Бо ў ҳамагӣ як бор вохўрда будам! Номаш, ҷои истиқоматашро напурсидаам.
- Ҳамин тавр ўро дуруст намешиносам гўед?!
- Ҳа, ҳамин тавр!
- Ба шўъбаи алоқа барои кор кардан рафта будед, ё не?
– гуфтани Раҷаб Нуровро шунида хун ба рўи Мариона зад. - Ҳа, рафта будам, лекин кораш маъқул нашуд.
- Ба шўъбаи алоқаи ин ҷо чӣ?
- Ин ҷо ҳам кораш маъқул нашуд.
Раҷаб Нуров телеграммаи ба Менглиқул додашударо бароварда афзуд: - Ба ин телеграмма нигаред! Аз шўъбаи алоқаи посёлкаи Куйбышев дода шудааст, лекин дар он мўҳри шўъбаи алоқаи ноҳияи Октябр пахш карда шудааст. Ин тавр шуданаш тамоман мумкин не? Телеграмма бошад, вақте дода шудааст, ки шумо дар шўъбаи алоқаи Куйбышев кор мекардед, ду рўз пеш аз ин бошад, ба шўъбаи алоқаи райони Октябр омада будед, – гуфта телеграммаро ба Мариона дароз кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё