Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Агар ин тавр кунад, кор ба хушӣ анҷом намеёбад.
Вай ҳатман бояд аз хонаи Менглиқул баромада равад. Чӣ хел?
Ҳоло барои ў ҷавоби ин савол мушкил буд.

... Раҷаб Нуров ҳамон рўз хеле барвақт ба кор омада нишондоди яке аз духтаронро, ки дар ошхона Салим бо ў ҳамсўҳбат шуда буд, такрор ба такрор хонда, зери навиштаҳо : «Ҳа, албатта, онҳоро мебинам, мешиносам» хат кашиду баъд гўшаки телефонро бардошта, чанд рақам гирифт.
– Муфаттиши прокуратура Нуров гап мезанад, ба ман Надежда Петровна лозм!
Калимаи: «Як дақиқаро» – шунида бетоқатона мунтазир шуд.
Дере нагузашта, овози маҳини духтарона ба гўшаш расид:
– Надежда Петровна гўш мекунад!
Раҷаб Нуров худро муаррифӣ намуда хоҳиш кард, ки ба назди ў биёяд.
Дере нагузашта духтараки хушқаду қомате омада баъд аз салом: «Надежда Петровна», – гуфта худро шиносонд. Нуров ўро ба нишастан таклиф кард. Надежда «раҳмат» гуфта ба ҷои ншондодаи Нуров ншаст.
Раҷаб ба чашмони Надежда Петровна нигоҳ карда:
– Шумо дар вақти пурсиш бо қатъият тасдиқ кардед, ки «Агар ҳамон марди баландқомати чорпаҳлўеро, ки дар болои зерманаҳаш захм дорад ва зани ҳамроҳаш бударо бинед, мешиносед», ба ин гапатон бовар доред? – пурсид аз ў.
– Ҳа, албатта! Бовар дорам. Ман касеро, ки як бор бинам, бори дуюм, баъд аз даҳ сол бинам ҳам, мешносам! – ҷавоб дод ў.
– Ин тавр бошад, шумо бо ман ба райони Октябр рафтан майл доред?
– Инаш барои чӣ? – ҳайрон шуда пурсид Наташа.
– Натарсед! Аз баъзе сарчашмаҳо маълум шуд: зане, ки бо ҳамон мард буду шумо ўро дида будед, бояд онҷо зиндагӣ кунад!
Ин хел зани ҷавон албатта, хонашин набудагист?! Шумо, ўро бинам, мешиносам мегўед! Барои ҳамин ҳам ба онҷо рафтан лозм!
– Рафтан лозим бошад, ман розӣ! Фақат аз ҷои корам иҷозат гиред!

пешина
аз 315
навбатӣ