Зеҳн
Сояҳои шикаста

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 341 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Ба дилаш барои наъшаш месўзад. Дар фарҷом тўъмаи моҳие, моҳие мўре, магасе, кулоғе… хоҳад шуд. Эй дареғ. Наметавонам худро наҷот диҳам.
Ва зане дур аз соҳил даст ба сўйи осмон бардошта дуо мекунад:
«Худовандо, мурдаашро зоғу заған хўрад».
Ва ў модари худаш буд.
Ва дарё мисли хун сурх буду таъми хок дошт.
Гили хунфом гулўяшро мегирифт, роҳи нафасашро мебаст. Ва зоғу заған болои сараш парвоз мекард.
Ва садои дуои модараш ҳафт пардаи осмонро медарид. Аз осмон борони хунранг меборид…
Пирамард аз садои ғаши наберааш бедор мешавад. Равшании рангпаридаи субҳ аз тирезаҳои ароқбаста ба дарун русух карда буд. Ҳавойи хона мартуб буд ва таъми хоки шўразада мекард. Хоки девори зағорхўрда рўйи буриё мерехт ва шир-шир садои ғашовар медод. Пирамард аз даруни ҷойҳои намкашидааш бархостан намехост, ҳавои сангини хона ўро коҳил карда буд, хобро бар ў ғолиб карда буд.
Вале бехи гулўяш мегирифт. Ноилоҷ аз ҷой бархост ва ба назди панҷара омад. Кафи пойҳои лоғараш аз бори вазнини шикамаш озурда шуда, дард мекарданд. Балки ман банд ба банди баданаш ба дард омода буд. Ва чунин эҳсос мекард, ки кирмҳо на даруни васаҳои шифти хона , бал ки даруни вуҷуди ўро оҳиста-оҳиста сўрох мекунанд, хир-хир метарошанд, мехўранд. Ў ҳамеша даруни хона чунин дарди мунтазам хўрда шуданашро худ эҳсос менамуд. Вале худро ба як тарзи аблаҳонае тасалло медод: «Чизе дар ин дунё бақо надорад. Пеш аз он ки он чиз аз байн равад, аввал хўрда мешавад. Оҳан, ки оҳан аст, занг мезанад, замин шўра мезанад, чўбро кирм мезанад.

пешина
аз 341
навбатӣ