Сояҳои шикаста

Дигар фақт сабабро мегўям, на натиҷаро.
3 Галаи аспҳои Сурху Сафед аз пайи қуллаҳои баланди кўҳсорон сар мекашанд ва ҷониби ҳомун, ҷониби боғзорҳои хурраму киштзорҳойи сабз, ҷониби дарё сарозер мешаванд. Медаванд ба суръат, медаванд ба мисли зарринбол аспҳои гардунаи Меҳр.
Дар таки давашон меларазанд кўҳҳо, меҷағанд шахҳо, мелағзанд тармаҳо. Киштзорҳо хароб мешаванд, боғистонҳо ба ҷангали сўхта мемонанд.
Деҳот мегарданд валангор. Ва дунё аз доду фарёди пурниҳеб, аз нолаҳаои ваҳшатзо пур мешавад. Ва аспҳо дар масири худ ба ҳамон ҳайбату суръат мерезанд, меғалтанд ба дарё. Бал ки худро мезананд ба дарё. Дарё лаб мезанаду мавҷ мезанад, меояд бурун аз соҳил. Оби ғализу гилолуд мешўяду мебарад киштзорҳо, дарахтзорҳо, деҳистонҳо. Ҳамоно галаи аспҳои Сурху Сафед худро ба дарё мезананд. Поён надоранд, ба мисли селаи занбўри ваҳшӣ, ба мисли паррандагони кўчӣ. Ва боди тунду туфонҳо ба мисли саги захмӣ зўза мекашад, мисли гунги гурусна фарёд мезанад.
Ва мўйсафеде болои аспи сурхе савор. Аспе, ки на зин дораду не лаҷом, медавад мисли бод, меҷаҳад мисли барқ. Ў надорад илоҷ. Ў ҳам печида ба ин гирдбод, ба ин гирдоб. Ғарқ мешавад. Дилаш ба мисли таки аспҳо мезанад, оби гилолуд гулўяшро мегирад. Таъми хок бар даҳон фарёд мекашад. Ҳамчунин моҳии безабон. Метапад, меҷаҳад, мехурўшад, вале аз ин масир амонгираст. Ў дигар асири сарпанҷаи амвоҷ меравад, рў-рўйи об, беилоҷ, бе наҷот.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё