Зеҳн
Сояҳои шикаста

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 341 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Аз назари ў, гўё «даври қамар» кайҳо фаро расид, ки зиндагӣ аз қолабаш баромада, рабту низомашро гум кардааст. Ва кам монда буд, ки мўйсафед зери таъзиқи ин андешаҳо девона шавад. Ба шўр меомад, ки «ин чӣ шўр аст?!»
Чаро инсон сари ҷав эътибор надорад, ҳатто манзалати як сагро, сагеро, ки ба мисли ў сари синааи фарбеҳу паҳнаш пур аз ордену медалҳост, надорад?!
Аз ин хусус меандешиду меандешид ва ҳангоме ки б поёни андешааш намерасид, менўшиду менўшид. Ва дар фарҷоми кораш ба ҷое расида буд, ки дигар дари хонаи худашро ба рўяш намекушоданд. Дигар ў ҳам ба мисли як саги дайдуву бесоҳиб дар кўча монда буд. Бо майзадаҳои бешумори шаҳр ҳамроҳ шуд ва бо онҳо дар таҳхонаҳои намноку бадбў ва пурсуску пуркайк, таҳбомиҳои сард як ҷо зиндагӣ мекард.
Миёни онҳо зиндагие дошт, ки намешуд онро зиндагӣ номид, як зиндагие, ки барояш таъвилӣ буд, дилгиру, якрангу ғайриинсонӣ буд. Дар андешааш, дар ботинаш зидди чунин зиндагӣ исён мекард ва ҳеҷ наметавонист бо ин муросо намояд. Аз ин рў ҳарчанд бо майзадаҳо як ҷо буд, вале хиҷолат мекашид, ки ба чашми одамон нанамояд, бо «собиқ»
ёру ошноҳояш рў ба рў намояд. Ин эҳсос дарднокии зиндигияшро фақат бо шароб таскин мебахшид.
Дар ин гуна мавридҳо, яъне вақте ки бисёр шароб менўшид, дигар дарди зиндагии таъвилияшро фаромўш мекард ва бо «дўстони» наваш тўи кўчаҳо сурудҳои фаҳш мехонд, бо овози баланд латифаҳо мегуфту механдид. Ва ё ҳине ки мастиш аз ҳадди эътидол мегузашт, ба шўр меомад, мағал мебардошт, ба ҳафт пушти одамҳои он сўи зиндагияш дашномҳо мефиристод ва дар фарҷом ҳамин ки каме оташи ғазабаш паст мешуд, аз эҳсоси бечорагиву ноилоҷияш кўдаквор мегирист.

пешина
аз 341
навбатӣ