Зеҳн
Сояҳои шикаста

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 341 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Қаноат бояд кард. Ин бандаи ганда ҳам иштиҳо дорад, вале омўхта ба қаноат шудааст… Мефаҳмӣ, кадом як авлиёулло фармудааст, ки сабру қаноат дарвозаи биҳишт аст.– Ба ҳамин тариқ онҳо бо якдигар ошно шуданд. Сагча дигар аз назди ин ошнои ғамхораш ба ҷое нарафт. Ва матои бозори мўйсафед ҳам харидоре наёфт.
– Лойк, ту аз ҳеҷ саге камтар нестӣ. Шояд хубтар ҳам бошӣ… Мўйсафед Лойкро боз фаро хонд. Лойк бо тарс, нобоварона назди ў рафт, дигар дум меликонд ва дар чашмаш шодӣ барқ мезад. Мўйсафед ордену медалҳояшро бо ҳамон матои бахмали пудрафта дар гардани сагча баст. Мардумро ин рафтори мўйсафед дар ҳайрат гузошта, буд, чӣ кардану чӣ гуфтанашонро намедонистанд. Фақат бо як лабханди заҳрдор рафтори ўро маҳкум карданӣ мешуданд.
Вале мўйсафед ба тамасхури онҳо парво надошт, баъзан чунон рафтор мекард, ки гўё аслан онҳо ҳузур надоранд. Вале дар муносибат бо сагча, ончунон ки худаш мегўяд, бо Лойк, хеле сергап шуда буд. Ин рафтори ў дар мардумон чунин фикреро талқин менамуд, ки гўё дар сурати сагча вай акнун ҳамсўҳбати лоиқу арзандаашро ёфта аст. Албатта ин пиндори онҳо берун аз ришханд ва масхара набуд. Вале дар ин миён вазъи аҳволи сагча тағйир ёфта буд. Ў он эҳсоси баробрию бародариро, ки бо аввалин бархурдаш бо ҳамнавъонаш аз даст дода буд, дубора дар худ пайдо намуд. Вай акнун ба мисли сагҳои фарбеҳу сер ва шоиста пешопеши мўйсафед бо сари бардошта, бо виқор мерафт. Онҳо то дергоҳ дар Боғи Майдони Қаср сайр карданд. Ва таи ин муҳлат тамоми вуҷуди сагчаро як ҳисси ҳамраъйӣ бо инсонҳо ва ҷумла офариниш фаро гирифта буд.

пешина
аз 341
навбатӣ