Сояҳои шикаста

(Ардавирафнома ё сояҳои шикаста)
Мо одат кардаем, ки фақт гирди матлаб мегардем ва аз ибрози он худдорӣ мекунем. Зиндагиямон ҳам перомуни зиндагист на худи зиндагӣ.
(Ардавирафнома ё сояҳои шикаста)
Мо ғуломе ҳастем, ки фақат оре, фақат аз озодии худ орзу менамоем. Вале барои дарёфти он коре намекунем.
(Ардавирафнома ё сояҳои шикаста)
Эҳсоси тарс, бадтар аз тарс аст.
(Ардавирафнома ё сояҳои шикаста)
Таърихи башар нишон медиҳад, ки халқҳои барбарӣ, халқҳои кўчак ҳамеша орзуҳои бузург мекарданд ва ҳамин ки ба он орзуҳои ҷаҳонӣ дастрасӣ наёфтанд, дар паи сохтани худовандҳои ҷаҳонӣ мешаванд ва тамоми ниятхои хешро бар онҳо насб мекунанд.
(Ардавирафнома ё сояҳои шикаста)
То замоне, ки инсон ба худ эҳтиром гузорданро наёмўзад, то вақте ки дар баробари ҳақиқат рост истоданро ёд нагирад дар олам муқаддасоти ростин ба вуҷуд намеояд.
(Ардавирафнома ё сояҳои шикаста)
Дар вуҷуди зулмоии мо нури хираи оризист. Бигўед магар нури оризшуда қодир аст, ки дар бунёди худ Наҷот дошта бошад?
(Ардавирафнома ё сояҳои шикаста) Аз ин рў ба худам, ба навъи башар ба тамоми суннатҳо нафрат дорам, нафрати азим.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо