Зеҳн
Сояҳои шикаста

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 341 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Балки ин лаҳзаҳо, ки аз гуруснагиву сармо азоб мекашид, ба тамоми дунё нафрат дошт. Ва ин нафрати хашмолоду ғашовар буд, ки ўро меангехт ва дунболи зоғҳои сиёҳу сафед медавонд. Вай бо ғаризаи модарзодияш амиқ эҳсос мекард, ки ин нафраташ аслан нисбати зиндагии бесоҳибонааш аст ва ҳамин аст, ки ўро ба ҳар тараф номуродона яъсангез, вагарна вай ҳам метавонист ба мисли ин сагҳои серу фарбеҳи хонаҳои гарм зиндагии осоишта дошта бошад. Э кош, мўйсафед бемор намешуд! Вай дигар бо дарду алам зиндагии дарди худро паси ин тирезаҳои хеле тоза тасаввур мекард. Ҳар чанд тасаввур кардану дар дил орзу парваридан ба доираи тафоҳуми як махлуқе ҳам чу ў намедаромад, вале зиндагиро паси тирезаи хонаҳои гарм чун пештара тасаввур менамуд: рўйи пўстаки бе кайку тоза хоб рафтану вале хоб надидан, гоҳо даруни кўрпаҳои гарму нарм ва муаттар дар орғўши соҳиби якаву танҳояш хусбидан чӣ ҳаловате дошт. Ин лаҳзаҳо, ки аз сармо меларзид, ҳамчунон орзу мекард. Вале афсўс, он замони зиндагии пурфароғаташ дигар бебозгашт рафтааст. Алъон бо ҳасрат аз он зиндагияш ёд мекунад.
Ҳар бегоҳ бо соҳибаш, ки як зани хеле ҳам зебо ва меҳрубоне буд, ба сайр мебаромаданд. Ҳини боз ба хона баргаштанашон ўро даруни ташнов бо шампуни хушбў шустушў медод, бо сачоқи нарму муаттар танашро хушк мекарду мебўсид ва баъд дар оғўшаш ҳамчу тифле ўро мефишурд: чӣ сон бадане буд нарму ҳаловатбахш, балки роҳату хобовар. Оғўше буд доғи меҳрубонӣ!

пешина
аз 341
навбатӣ