Зеҳн
Сояҳои шикаста

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 341 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Дар тарзи баёни асар як навъ махсусиятҳои сабки адабиёти қарни Х ошкор аст, ки ба ҳунари нависанда дар таъйини мувофиқати забони қаҳрамонҳои худ ба замони зиндагии онҳо ишорат мекунад. Баробари ин, бандубасти ҷузъиёти тасвир як навъ ишора ба ҷанбаҳои лирикии тарзи баёни муаллифи он низ ишорат кардааст. Ба чунин услуби сухангустарӣ қаламдод кардани манзараву тасвирҳоро дар бисёре аз ҷараёни нақли ҳодисоти асар метавон дучор омад. Ин амр ба ғаномандии ҷанбаи лирикии сабки таълифи роман ишорат мекунад.
Чун сухан ин ҷо аз арзиши ҳунарии услуби нигориши Муҳаммадзамони Солеҳ рафт, лозим мешуморем, ки воқеияти ин матлабро бо зикри чанд намунаи дигар бозгўӣ намоем. Дар идомаи ҳаракати хати сужаи роман муаллиф манзараи набарди озодагону аъробро хеле муассир ва ҳунармандона ба тасвир овардааст, ки ҳам ҷузъиёти насри лирикӣ ва ҳам ҳунариро дар худ ифода намудаанд:
«… Сарбозони араб бераҳмона шўришро пахш мекунанд. Соҳили дарё аз хуни бегуноҳи озодмардон гулгун мешавад. Сурхии шафақ бар рўи оби руд месечад ва дарёро хунолуд месозад. Ва мардони асил ба дарё ғарқ мешаванд ва мурдаҳояшон дар соҳили дарё бесоҳиб мемонанд. Ва аз дурҳо садои каргасҳову мурдахорҳо ба гўш мерасад.
Ва Исмоил ба дарёи хунолуд ғарқ мешавад» (35, 99).
Дар канори тасвири як манзара дар ҳар баёну нигориши муаллифи асар суннатҳои хоси ҳунарӣ ба ҷилва меоянд.

пешина
аз 341
навбатӣ