Зеҳн
Сояҳои шикаста

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 341 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Нависанда, дар ҳикояти «Дарвеши ҳақиқат» боз ҳам пайгири сабки «Сарви кишвар» аст, чун дар зимни тафсири андешаҳои хеш ва субути дидгоҳи хосаш аз воқеияти замон ба ҷаҳони афсонаву асотир парвоз мекунад ва дар фарҷом дубора боз бармегардад ба фазову макону замони хеш. Аммо дар ҷараёни изҳороти афсонамонанди андеша ў ҳоли рўзгорашро пайванд мебахшад ба ҳамон қисса ё ҳатто метавон гуфт, устураи зиндагонии қадима. Дар паҳнои як ҳикоёяти кутоҳи чандсаҳфагӣ нависанда барои анҷоми сафари ҳафтшаҳри ишқ иқдом мекунад ва нақбе мекашад аз андешаву тафаккур барои вуруд ба андаруни хеш. Худ устод Муҳаммадзамони Солеҳ ҳадафи ин таваҷҷўҳ ва қасдии аслии интихоб ва ҳатто метавон гуфт кашфи ин роҳро дар насри имрўз бо таъбири бисёр ҷолиби офаридааш, яъне «равонковӣ кардан» тафсир мекунад. Воқеан, ҳамин равонковист, ки ирфони андеша ва пиндорҳои нависандаро маънӣ медиҳад ва ибтикори анҷоми ин амалкард бешак худ мактаби хосаи тариқати нависанда аст, ки метавонад чеҳраи орифонаашро дар қаламрави наср муаррифӣ намояд. Интихоби дарвеш ба унвони қаҳрамони ҳикоят низ ҳадаф ва мабонии афкори ирфонии нависандаро барои мо тавзеҳ медиҳад.
Дарвеш барои устод Муҳаммадзамон самбулест, ки аз қаъри таърих ё замони қадимтарин сухан мекунад, балки истилоҳи дарвеш агарчӣ ҳамон раҳрави тариқат дар ирфони исломист, аммо дар асл

пешина
аз 341
навбатӣ