Зеҳн
Сояҳои шикаста

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 341 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Чун қасди он дарахт карданд, рўи осмонро зулмате фурў печид, мардум гумон карданд, ки осмонро абрҳои хунполо фаро гирифтаанд. Вале паррандагони хушилҳони шохасорони сарв буданд, ки фиғону нола мекарданд. Вақте сарвро биафтонданд, замину осмон чунон ларзид, ки гумон карданд, рўзи растохез фаро расидаанд. Хонае ба по намонд». Ин ҳисси пароканда дар замони кўшиши адами дарахти Сарв,чун муҷассама ва пайкараи бузурги фарҳанги миллии ба ҳадде аз партави тасвири муассири нависанда буруз кардаанд, ки бо таъсире дар ҷону равони хонандаи имрўз ўро ба қаламрави шинохти асолат ва ифтихор аз ин намоди худшиносӣ мекашонад.
Махсусан, он ҷо, ки менависанд: «Боз гўянд, ки он Сарв солиёни дароз месўхту месўхт…» Таводуми ин сухтанҳои номутаноҳии Сарв шарҳи ҳоли фарҳанги бузургу беназири миллати мост, ки бо он ҳама оташсўзиҳои таърихӣ дар синаву андешаҳои мардуми босадоқати он маҳфуз монда, то акнун расидаанд.
Фалсафаи буридани ин дарахт ва ҳикмати таводуми сўхтанҳои онро нависанда Салими Аюбзод аз забони худи устод Муҳаммадзамони Солеҳ дар навиштае ба унвони «Муҳаммадзамони Солеҳ – ганҷе ношинохта» дар торнигори худ бад-ин гуна тавзеҳ дода:
«Достони “Сарви Кишмар”-ро се бор хонда, паёмро нагирифтам. Нофаҳмо буд, аммо хеле писанд.
Наққоше таҳти таъсири солномаи қадимӣ мемонад дар бораи бурида шудани Сарви Кишмар, сарве ки дар дили Эронзамин рўида буд ва аз ҳазорон фарсахи чаҳор самти ҷаҳон дида мешуд ва ифтихори эрониён буд. Рўзе ки ин сарвро ба дастури як халифаи ҳасуд мебуранд, рўзи мотами дунё ва табиат, ҳазорон парандаи зебову хушхон аз сари шоху баргҳои он ба парвоз меоянд.

пешина
аз 341
навбатӣ