Сояҳои шикаста

Озод бол кушо
Дар рўҳам андешаву хаёле
Парранда мешаваму парвоз мекунам
Гардунаи заррини меҳр
Бо шукуҳи худовандӣ
Аз дуриҳо
Аз уфуқ
Бо аспҳои сапед
Бо сумҳои заррин
Бар ман намоён мешавад
Ман парвоз мешавам
Вале
Эй дареғ
Симурғи осмони қудсӣ
Бо суръати раъдосои хеш
Бар ман ҳамла мекунад
Бар пару болам чангол мекашад
Ва боз домони сапеди осмон
Бо ранг ғамолуд мешавад
Ман сарозер меравам
Дар гирдоби андешаҳо
Дар масири фуру афтидани хеш
Фарёд мекашам:
Эй Суруш, эй Рашн, эй Меҳро
Ба сари вақт ин мурғи болшикаста бирасӣ
Ўро наҷот деҳ
Ўро умед бахш
Умед
Эй войи ту умед…
Бо лаҳни қудсиву рағна
Пайғом мерасад
Бедор шаву бедор шав
Танҳо бирав, танҳо бирав
Марде ғарибу танҳо
Дар дили кавиру доғ
Ба сўи хуршед меравад
Бо боди сиёҳи кулоғ
Парвоз мекунад
Татҳири лошаи хешро
Аз нав оғоз мекунад
Вале симурғи орзуҳо
Дар гарзмони Худо
Бо лаҳни фариштаҳо
Манзара месарояд
Вале кулоғ дар дили биёбони доғ
Лошаи хешро медиҳад татҳир
Эй дареғ!
Марде дар ин саҳро
Тани танҳо меравад
Вале куҷо ?...
Дашт доғ асту бекарон
Осмон мармарин
Оянда баста бо дари оҳанин
Вале варағна бо лаҳни фариштаҳо
Каломи қудсии Худовандро
Зам-зама мекунад:
Эй ғариб! Эй ғариб!
Ин ҷо биё! Ин ҷо биё!
«Меравам эй войи ман
Ситораи ман дар осмони иқбол
Кўр мешавад
Ин ҷо бахт аз ман бевою гурезон
Дур мешавад
Об ҳам ба ҷоми ҷам шур мешавад
Душман зор мешавад
Офтоб безор мешавад».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё