Сояҳои шикаста

Марг ин даҳшат аст. Худкушӣ низ қаҳрамонӣ аст. Ман аз бахшиши табиат ду чиз дорам: Модарам ва ту, ки якеашро аз даст медиҳам…
Ту худ медонӣ, ки ману ту низ чунин тақдир хоҳем дошт. Ман ҳеҷ гоҳ ин қадар пул ёфта ҳам наметавонам ва каси онро ба ман медодагӣ ҳам надорам.
Манижа, ҷонам фидот, ҳеҷ гоҳ дил бад мадор. Охир, ман ҳамеша субҳи наҷибро истиқбол карда будаам.
Бахти ту чу сапедадам рўшану иқболат чу ахтарони осмон баланд бод.
Манижа, ҳеҷ гоҳ дар дил гумони бад мадор. Ту тамоми умр бароям ҳамон Манижае ҳастӣ, ки будӣ.
Ҳеҷ гоҳ ғам махўр. Охир, ин рўзро, ки мо мебинем, набояд фарзандони мо бинанд. Охир, дар он ҷое, ки пул аст, аз одаму одамгарӣ ному нишон ҳам шуда наметавонад.
Муҳаббату шафқати мардум дар гузаштаи нодорӣ буд. Ҳоло фарзанду падар оқибат надоранд.
Мефаҳмӣ? Онҳо танҳо хушбахтиро дар пул мебинанд. Албатта онҳо мурда мераванд. Аз умри кўтоҳу ифлоси худ ба ҳаёти ман ту доғ мегузоранд. Манижа, ҷонам фидоят бод, дил танг мадор, аз ман гумони бад мабар. Аз ҳаёт ноумед машав! Ҳоло зиндагӣ, барои мо акнун оғоз меёбад. Туро илтиҷо мекунам, чу бут мепарастам, ки ёди маро аз хотират чу гарди хок шуста парто. Маро танҳо агар хоҳӣ, дар даруни чангу хоки кўдакиву сафои наврасӣ ҷўй. Охир, дар вазиши бод зангулаҳои ҷудоӣ ба паҳнои зиндагӣ меларзанду садо медиҳанд:
«Маро аз ман ҷудо карданд».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё