Сояҳои шикаста

тез гуфт:
– Не, ўро дуздиданд. Дусола буд. Аз ин воқеа шонздаҳ сол гузашт.
Модар оҳи сард аз дили пурғам баровард. Ашки марворидгун ҳамчу чашмаи даманда ба рухсорааш рехт. Аз изтиробу дилсўзӣ ваҷоҳатам меларзид. Ашкашро пок кардам. Дилам гўё ба чоҳи торике фурў рафт. Қариб буд, чу тифли ба ғаш омада, аз гиря кафида равам.
Ман ҳам ба ҳаждаҳ даромадаам. Вале падарам мегўяд, ки модарам дар дусолагии ман аз олами пурмоҷаро рафта будааст. Ману падарм бо издиҳоми мардум дар гирди мурдаи модарам расм гирифта будаем, ки то ҳол он дар албомамон мехобад. Аҷиб, мўйҳои парешонаш сиёҳ набудаанд. Акнун ҳамин ҳоло мебинам, ки на модари марҳумам ва на падарам ба ман ҳеҷ монандие надоранд. Вале падарам хеле меҳрубон аст. Барои ҳамин меҳрубонияш ўро дўст медорам. Рўз ба рўз торафт ман калон ки шуда истодаам, меҳри ў нисбат ба ман меафзояд. Баъзан аз ин меҳрубонии ў ғашам меояд. Намехоҳам, ки худро дар пеши ман паст занад.
– Падараш куҷост?
Модар аз ин гапи ман гўё хеле шикастатар гардид. Кошкӣ намепурсидам. Кайҳо медонистам, ки дили пурҷароҳаташро хуншор мекунам.
– Ў дар ҷанг мурда буд. Вақте ки ўро ба ҷанг бурда буданд, Фаррух думоҳа буд. Ҳоло ҳеҷ кадомаш нест. Ҳардуяшро аз ман бурданд. Як моҳ пеш аз мактуби сиёҳи падараш Фаррухро гум кардам. Вале то ҳанўз меҷўямаш.
Ашк дар соҳили чашмонам мавҷ мезад. Нафас дар гулў руст мемонд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё