Сояҳои шикаста

Охир, ин аввалин соатест дар муддати ҳафт сол, ки ў озодона сари миз нишаста, нафас мекашаду май менўшад.
Ў тавба карда буд-ку, ба худ қавл дода буд, ки дигар чакрае ба даҳон намебардорад. Боз чаро менўшад? Аз шодӣ ва ё андўҳ?! «Ба ҳар навъ ин охирин бор аст. Дигар ҳеҷ гоҳ!» – ба зери дил ба худ қавл дод. «Охирин бор!»
Фирўз ҷом ба даст гирифта, ба он бодиққат нигарист, вале дар дил ҳеҷ бовар намекард, ки ин лаҳза ў май менўшад. Гўё ин рўъё буд. Охир, имрўз назди даре баромада истода, ба озод шуданаш боварӣ надошт. Ўдаруни камера истода, танҳо орзу мекард.
– Барои саломатии ҳама ва баҳри сурфу ҷамъиямон менўшем, – гуфтани бародараш риштаи хаёли ўро канд. Ў майро то охирин қатра бардошт. Майнўшиашон то хеле вақт давом кард. Май кайҳо нашъабахш гардида буд. Мусиқӣ ба гўшҳо ҳамон қадар форамтар садо медод. Фирўз хомўшона андеша мекарду баъзан пиво менўшид. Накврўз бо ким-кадом як зани ношинос рақс мекард.
Дирўз ҳангоме, ки ўро аз кўчаҳои шаҳр ба қароргоҳ мебурданд, аз қабати панҷараҳои мошин нохост чашмаш ба писарбачае афтид, ки ба ҳайрат сўи ин мошинҳои рўпўшида менигаристу бо модараш ким-чиҳо мегуфт. Ва боз ангўшти ишоратӣ ба сўи онҳо мекард. Бачаҳои майда хеле кунҷкову сода мешаванд. Ба хотир дорад, ки боре бо духтарчааш ба сайр баромада буд ва аз пеши онҳо ҳамин гуна мошинҳо бисёр гузаштанд. Духтарчааш гумон бурда буд, ки дар дохили онҳо ҳайвоноти ваҳшӣ хаст, пурсида буд:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё