Сояҳои шикаста

Чи хел аз ними роҳ гурехтан ва то як сол дар ҷойҳои бегона бо ному фамилия дигар зиндагӣ карданаш, баргаштан ба зодгоҳаш ва аз хона дуздидани фарзандаш ва ба дигар шаҳр рафтан…
Пушаймонӣ, азоби виҷдон, тарсу ларз ва тамоми ҳиссиёти марди хоин.
4) Баъди хондани ин дафтарҳо ба ў маълум мешавад, ки он занак модари ў будааст ва бегоҳ сурати овони кўдакиашро гирифта ба назди он занаш мебарад.
5) Шинохтани модар фарзандашро 6) Писар роҳ чи тавр ба падараш рафтан ва ёфтани модарашро фаҳмонданӣ мешавад. Агарчи хоин ҳам бошад, ўро дўст медорад. Ў фикри аз як ҷо шуданро ба миён меорад. Падараш шаб худро мекушад.
Варианти дигар.
Онҳо бо падараш дар дигар шаҳр зиндагӣ мекарданд. Ў барои хонадан ба шаҳри меояд ва дар он ҷо бо модараш вомехўрад.
Азоби виҷдон
Ресторан. Дар сари стол ду марди миёнасол нишастаанд. Яке дар даст финҷони пур аз май, дигаре даст ба пешонӣ бурда, дар андешаи худ ғарқ буд.
Яке барои ояндаи хуб, дигаре барои фаромўшии гузаштаи нангин қадаҳ мебардошт.
Садои мусиқӣ торафт баланд мешуд. Мардум мерақсиданд ва ба ҷуфти худ ким-чиҳо мегуфтанд.
Шояд онҳо аввалин бор якдигарро дидаанду барои боздиди оянда вақту ҷой муайян мекарданд. Умуман, онҳо бо ҳамдигар назарфурўшӣ мекарданд, ки бинанда гумон мебурд, онҳо дербоз бо ҳамдигар шиносанд.
Садои мусиқӣ торафт авҷ мегирифт. Чӣ оҳанги хуш! Якеро ба рақс, дигареро ба ҷаҳони зебоӣ мекашад ва сеюминро маҷбур мекунад, ки дар баҳри андешаҳо, болои мавҷи хаёлот, чу заврақи бодбонӣ, ба ҳар сўй биравад.
Фирўз қадаҳро гашта ба миз гузошта, сигорро гирифта, оташ гиронд. Сигор низ барои фикри равшан кардан, барои ба олами орзуҳо баромадан, ё ин ки ҷараёни мавҷҳои дарёи андешаҳои амиқ ҳамроҳ шудан мадад мерасонад, – аз хаёл гузаронд. Бале, хеле кўмак мерасонад!
Наврўз шиша ба даст гирифта, ба финҷонҳо камкам май рехт ва бардошта, ба бародараш Фирўз дароз кард.
– Биё барои хушбахтии минбаъдаи ту менўшем.
Бар гузашта салавот. Охир, ҳафт сол мешавад, ки ману ту чунин…
Фирўз ба тамоми нафас дуди тамокуро ба дарун мекашид, ки аз он ду бари рўяш чун миёни кўлчаи нон чуқурак мешуд ва ба нафаси оҳмонанде онро хориҷ мекард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё