Зеҳн
Гаҳворабахш

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 80 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

— Он чӣ ки дар калла дорам, ҳамонро мегўям! — Мўъмина аз хаври дили худаш тасфида, фик-фик ба гирья даромад. Азбаски ба вай халал нарасондам, хеле гирист. Бо оби дида чангу гарди гаму ҳасратро аз дилу чеҳ-рааш шуста тоза кард. Сипас андаке барда-му кушодадил гардид ва бо овози канда-кан-да гапашро ғоз дод. Маълум шуд, ки вай он мактубхои кадучадорро хақикатан ҳам бар-касди ман навишта будаасту каӣҳо боз бо яке аз ҳамсинфони акояш муносибати махра-мона дорад.
— Рустам ҳоло дар хизмати ҳарбӣ,—оҳи чуқуре кашид Мўъмина. — Баъди ду-се моҳ меояд. Вай умедвор...
— Ба якдигар хат менависед?
— Ҳа...
— Аз ин падару модарат хабар доранд?
— Не. Рустам ба номн ҳамсояамон Сочи-да-кампнр мактуб мефиристад. Вай, ки хату савод надорад, мактуб ояд, даррав маро барои хондан чеғ мезанад...
Ин ҳилаи устокорона маро ба вачд овард.
Бори дигар бовар кардам, ки ишқу муҳабба-ти ҳакиқӣ ба ҳама чиз кодир аст ва агар дух-тар хоҳад, ҳазору як роҳу равиши мулоқоту мукотибаро меёбад...
Чун парда аз рўи асрор бардошта шуд, сабаби дафъаи гузашта ба мулоқот иаома-дани Мўъминаро аниқтар донистам. Дар аӣ-ни замон паӣ бурдам, ки вай он рўз ба вохў-рӣ наомада хатои чиддӣ содир кардааст.
— Чаро аз ин гапу кор маро пештар хабар-дор накардӣ? Лоақл дафъаи гузашта ба му-локот наомадӣ...
— Медонед, дафъаи гузашта ман омаданӣ будам, ако! — Мўъмина таҳдор табассум кард. — Ба ростӣ! Агар дурўғ гўям — асло рўзи некро набинам. Лекин... чӣ шуду чӣ монд, ки модарам аз ин аҳду паӣмон воқиф шуда, қатъиян мукобил баромад. «Бо якди-гар гап задану вохўрдани гаҳворабахш ҳеч мумкин не» гўён, як хафтаи расо маро ҳатго мактабравӣ намонд: шабу рўз аз паҳлўям на-чунбид...
— Оббо... Чаккӣ шудааст-дия... Агар ягон илоҷ ёфта меомадӣ, шояд ип мактуби беимзо паӣдо намешуд...

пешина
аз 80
навбатӣ