Зеҳн
Гаҳворабахш

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 80 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Эълони обнарасидаи раисро шунида, ҳама бо табассуми сермурчу қаламфур ҳавлӣ ба ҳавлӣ пароканда мешаванд. Дар мобайни никоҳхона Мўъмина танҳо мемонад: вай ҳатто эълони раисро ҳам намешунавад...
Хостам манзараи шаби тўӣро низ тасаввур кунам. Аммо дилам набардошт. Мактуби дар байни ангуштон ғиҷимшударо аз нав кушода, бо азобе қисми хотимавиашро низ хондам: «Дар урфият «гўшти нағзшўрбои нағз, шири нағз-ҷурғоти нағз» мегўянд. Агар ба ҳамон мос карда гўем, «ҷуфти нағз-оилаи нағз» мешавад. Лекин, Риёзбек, сад дареғ, ки Мўъмипа барои ту ҷуфти мувофиқ нашуд. Барои он ки ҳайф нашавӣ, аз баҳри ин кардухтар гузар! Хайр, бо эҳтиром, дўсти дилсўзи ту».
Кардухтар... Оё ин гап рост аст? Е тўҳмати хушку холист? Дарвоқеъ, ин номаро кадом дўсти дилсўзам навишта бошад? Чаро вай номи худро пинҳон кардааст? Ҳусни хат шинос, аммо азони кӣ будапаш апик дар ёдам нест... Ба ҳар ҳол, муаллифро бфтап даркор, лекин сонитар...
Алҳол, хама корро як тараф мон-да, рост ё дурўғ будани ин шумхабарро таф-тиш бояд кард! Агар он дурўғ бошад, зуд аз ӣаи тўи арўсӣ ШУДАН даркор. Зеро боз ягон гапи думчадор паӣдо шуданаш аз эҳтимол дур иест... Аммо агар... рафту он хабар рост бошад? Даҳшат! Он гоҳ, хоҳ модарам розӣ шавад, хоҳ пе—ману Мўъмина аз якдигар бе-хӣ чудо мешавем. Тамомап! Гапи ман якто:
мемураму аммо бо духтараки кар хонадор на-мешавам!
Баъди чунин қарордод ҳатто дари хонаро руст накарда, ҷониби аэропорт тохтам...
Аз маркази район то деҳаамон мошин ду соат ҳаракат мекунад. Тамоми роҳ аз дарба-чаи автобус ба берун нигариста, вале аз та-мошои манзараҳои атроф лаззате набурда, дар хусуси он шумхабар паӣваста фикр ме-кардам. Лек сарпўши масъала ҳеҷ боло бардошта нашуд, ки нашуд. Охиру охирон ба чунин қарор омадам: ба ҳар роху восита ав-вал бо Мўъмина вохўрда, тамоми чиҳатҳои масъаларо яклухт ҳал карда, сипас дар наз-ди волидаӣн масъаларо кўндаланг ба миён мегузорам.
Саргарми хаёлот нафаҳмида мондам, ки автобус ба чойхонаи «Чорчинор» расидааст. Ип фароғатгоҳи гулкорӣ дар лаби баландии соҳили рости дарьё вокеъ гардида, ба иборае «дарвозаи деҳа» мебошад ва ҳар мусофир ин ҷо расидан ҳамон оҳи сабуке кашида, бо ди-ли пурфараҳ шукр мегўяд, ки ба деҳа, назди аҳли хонадону ёру дўстон сиҳату саломат омадааст.

пешина
аз 80
навбатӣ