Зеҳн
Гаҳворабахш

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 80 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Бале, муваффакиятҳои мо зиёданд. Вале ман ҳоло дар ии хусус муфассал гап назада, дар охири сухани табрикиам, ин ду ҷуфти муносибро бори дигар муборакбод мегўям!
Баъди паст шудани мавҷи чапак овози раис баландтар садо медиҳад:
— Мўҳтарам Риёзбек Сатторович Шумо ҳаёти худро бо гражданка Муъмина Алиевна ба таври абадӣ пайвастан мехоҳед?
-Ҳа.
— Мўҳтарама Мўъмина Алиевна! Шумо ҳаёти худро бо гражданин Риёз Сатторович ба таври абадӣ пайвастан мехоҳед?
Арўс хомўш аст. Ақаллан сарашро намебардорад. Ҳама гумон доранд, ки вайро шарму ҳаё пахш кардааст. Аз чумла, ман ҳам чунин меҳисобам...
Раис, ин дафъа бе табассум, саволашро такрор мепурсад. Арўс ҳамоно хомўш аст...
Раис дилтангона ва бо димоғи нимсўхта саволашро бори сеюм такрор мепурсад. Аз ҳайкал-арўс боз садое намебарояд. Дар хонаи акди никоҳ парзанни пашша баръало шунида мешавад. Баъзеҳо писханд мезананд, баъзеҳо лаб каҷ мекунанд. Ҳама баробар, абрувони худро боло бардошта, бо тааҷҷуб маро менигаранд. Нигоҳи онҳо чунин савол дорад: «Оё Мўъмина намехоҳад, ки бо ту ҳамхона шавад?»
Бо чашмони оҷиз гоҳ ба шифту гоҳ ба фарш менигарам. Тори асабам торафт таранг мешавад...
Дар ҳамин асно Азизи пастак писаронро як су тела дода, пеш мебарояд ва масхараомез мегўяд:
— Беҳуда овора нашавед! Мўъмина гапи ҳеҷ касро намешунавад! Вай кар аст! Ҳа-ҳа-ҳа! Арўс кар аст!
Ҳама баробар қоҳ-қоҳ механданд ва бо як овоз «Арўс кар аст!» мегўянд.
Тори асабам канда мешавад. Аз шиддати ғазаб дандонҳоямро ғарч-ғарч совида, ба рўи арўси кар туф мекунаму берун метозам...
Не, не! Инаш беодобии аз ҳад зиёд мешавад. Ана, ин хелаш беҳтар: аз ғазаб дарақ-дарақ ларзида, назди модар меоям ва «Саломатиам бад шуда истодааст. Сонитар ақди никоҳ мебандем» мегўям. Вай даррав назди раис рафта, гапро мепазонад.

пешина
аз 80
навбатӣ