Гаҳворабахш

— Будагӣ гап. Чунки фарзандони шумоҳо аллакай намояпдаи насли сеюм мешаванд...
Умуман, бачаҷон, то тавонӣ «агару магар» камтар гўӣ! Зеро одамони калламағзи давраҳои қадим гуфтаанд, ки «агар»-ро ба «магар» пайванд кардапд, аз онҳо бачае шуд, «кошкӣ» ном... Мақсади маро фаҳмидӣ? - Ҳа.
— Боз ҳаминрўза барин шухии безеб мекунӣ?
— М-м-м...
— Чӣ?! Андак ист: «то абр набошад-борон наборад» гуфтаанд. Аз афташ, дар набудани ман ягон гап шудагӣ барин... Канӣ росташро гўӣ, бачаҷон: чӣ ҳодиса руй дод?
Дар умрам аввалин маротиба густохӣ карда, рост ба қаъри чашмони модар нигаристам. Он ҷо мавҷи изтиробу ғазаб омехта буду пайваста мешўрид. Модар бо дидаи нам ва табассуми омехтаи ғам суям менигарист. Умедвор буд, ки ягон гапи мақбул мсгўям. Вале ман, дидаю дониста, бераҳмона амал кардам.
— Ҳеҷ ҳодисаи нохуш рўӣ надодааст, бува. Фақат... фақат... медонед, ман фикр карда-фикр карда, ба чунин хулоса омадам, ки гаҳворахабш кардан—расму одати зарарноки замони гузашта аст ва решаи онро аз ҳаёти мо тамомаи барканда сўзондан даркор.
— -О, дар ин бора ягон газета мақола чоп кардааст? Ҷумлаҳоят айнан чумлаҳои газета барин...
— Не, бува. Дар ин бора ягон мақола-пақола чоп нашудааст. Гуфтамку: худам фикр карда-фикр карда, ба чунин хулоса омадам.
— Аҷоиб-ку! Ман ба ақлаки расоят қоил, бачаҷон! Лекин ҳайронам, ки чаро пештар нею омада-омада ҳамин рўз чунин «фикри бикр» дар каллаат пайдо шуд?_
— Дандони ақлам ҳамин рўз баромад-дия, буваҷон...
— Бас кун, маҳмаддоно! Ин қадар минг-минг накарда, мағзи гапа афшон: дилат чӣ меход?
— Ба ман Мўъмина маъкул не...
— Чӣ? О, ҳардуятон гаҳворабахш-ку!
— Гаҳворабахш, гаҳворабахш! Ҳе, бар сари гаҳворабахш алов резад!
Хама кора ҳамин сабилмонда ҷазир карду... Агар ҳамин байту ғазали аз доқёнусмондаро бофта намебаровардед, ҳай кори нағз мешуд: мисли дигар ҳамсолонам бе ягон гапу калочаи зиёдатӣ тақдири худро ба кокули ягон духтарак гиреҳ баста, бе ғашу ғурбат зиидагӣ мекардам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё