Зеҳн
Гаҳворабахш

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 80 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Яъне аз авлоди модарӣ (момо, бобо, хола, тағо) Иҷозат ном як холаи меҳрубонам ҳаст.
Холаам чор фарзанд дорад: Ғафур, Мўъмина, Собир ва Гулнора. Онҳо холабачаҳои мананд!
Акнун, марҳамат карда, номи онҳоро боз як маротиба хонед: Ғафур, Мўъмина...
Истед! Қиссаи мо ана аз ҳамин ном сар мешавад...
Одамҳои зираку доно «хотираи давраи бачагӣ мустаҳкам аст» мегўянд.
Шояд гапи онҳо рост бошад. Вале ба дурустии он шубҳа дорам. Чунки рўйдодҳои давраи бачагӣ мў ба мўю нукта ба нукта дар ёдам нест. Фақат чангу гарди ду-се ҳодиса дар ким-кадом гўшаи хотира боқӣ мондаасту халос...
Ҳодисаи якум рўзи бозор рўй дода буд. Инро аниқ дар ёд дорам. Зеро ҳамон рўз модарам ба падарам як сўм дода, таъкид кард, ки ба ҳамааш қанди хурўсак харида биёрад. — Ба ин пул як думан қанд метияд, — гуфт падарам.—Риёзбек даҳ рўз хўрад ҳам, адо намешад ё мегум ки занак, дили туям ба қанди хурусак гум зад?
—Муред, шумо, мардаки содда! Нисфи қандро ба Ғафур мебарем.
Додои вай имрўз барои хабаргирии модараш шаҳр рафтагӣ-ку...
Баъди панҷ-шаш соат падарам дар коғазпечи калоне қанди хурўсак овард. Онро кушода, акнун яктоашро ба даҳон андохта будам, ки дарвоза тараққас кушода шуд ва хоҳ бовар кунед, хоҳ не худи Ғафур давдавон омад. Ўро дидан ҳамон коғазпечро калон кушода, парида аз ҷой хестам:
— Ако, Ғафур! Биё! Қанди хурўсак мехўрем.
Гумон кардам, ки Ғафур давида наздам меояд. Аммо вай ба коғазпечи пури қанд нимнигоҳ накард! Ҳадаҳа тарафи модарам давид.
— Хола, шодиёна диҳед! Очам бача кард!
— Аз забонаки ширинат гардам, Ғафурҷон! Ку, шери хола пештар биё!
— модарам рўю пешонаи Ғафурро чалап-чулуп бўсида, аз кисааш дусе тангаи зардак баровард.—Ма, Ғафурҷон, ин шодиёнаи ман...
— Амак, шумо ҳам шодиёна диҳед! Очаам бача кард!

пешина
аз 80
навбатӣ