Гаҳворабахш

— Хош, Муллориёзбек, канӣ, гап занед,— пиёлаи чойро аз дасти Азиз гирифта, бо овози манқа гап сар кард Саъбабону. — Хонданҳо чӣ хел?
— Дуруст, оча.
— Дар мусофирӣ зиқ машуда гаштед?
— Ба зиқшавӣ вақт нест, оча.
— Ҳа-а ба шумоёи душвор... Худовандӣ карим худаш коратонро осон кунад-дия...
— Раҳмат, оча. Асло кам нашавед!
— Истед, ки Муллориёзбек, дар мактабатон ягон духтар-пухтар ҳаст ё не?
— Набошад чӣ? Тухми духтара ким-кадом деҳқони ҳушҳавсалаи бабаракадаст коштагӣ.
— Хош-е... Ина бинед-а! Аҷаб замонае шуд! Худоваиди карим худаш гуноҳи бандаҳояшро бахшад-дия...
— Чи ин қадар тааҷчуб мекунӣ, момо?-Азиз аз гапу саволҳои соддалавҳонаи модаркалонаш изо кашида, дилтангона ба сўҳбати мо пошна зад. — Ҳозир давр-даври духтарҳо.
Ина, имсол аз мактаби мо ҳам як духтарак ба мактаби олӣ меравад!
— Наход?!—Саъбабону аз ҳайрат даҳонашро кўдак барин калон кушод.
— О, қиёмат қоим шудаасту ман бехабар-а? Вай духтараки нависпурун.кӣ будааст?
— Намегўям!
— Ана ҳамин хелдия ту: гапатро ба таги забонат руст карда, намегўию боз ҳар доим нодонии маро таъна мезанӣ, ҷони момо,—-гилагузорӣ кард Саъбабону. — Номи вайро ту нагўӣ, сиравно аз дигар кас мефаҳмам... Фақат ҳаминашро гўӣ ки он духтарак барои хондан Душанбе меравад ё шаҳри дигар?
— Ба Душанбе меравад-дия!
— Фаҳмидед, Муллориёзбек! Духтарҳои мо ҳам ҳазл не: барои хондан ба шаҳри худди худатон мераванд! Ҳа, гуфтагӣ, барин, бо ҳамии шеваю баҳона ба Шумо ҳам роҳ кушода мешавад...
— Қадом роҳ, оча?
— Акнун шумо ҳам метавонед, Мўъминаро бемалол ба шаҳратои гирифта баред...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё