Гаҳворабахш

Пулро гирифтаму аммо ба ҷои шаҳр—ба почта рафта, як даста конверт харидам. Аз он ҷо бо роҳи чапғалат ба хона омада, ба Мўъмина як хати гулкорӣ иавиштани шудам. Коғазу қалам ба даст гирифтам ва... яке завқам омад: О, Мўъмина-ку акнун ба синфи чорум гузаштааст. Ос аз ўҳдаи номанависи мебарояд? Гумон... Вай ҳоло зардолуро «коко»
мегўяду...
Коғазу қаламу конвертҳоро ба токчаи боло ҳаво дода, хуштакзанон ба истгоҳи автобус равон шудам.
Нахустин мактуби ошиқонаи худро баъди чандин сол, вақте навиштам, ки Мўъмина хатмкунандаи мактаби миёна буд. Ҳамхонаам Фарҳод азми маро дониста, пас аз фотиҳаи хайр, чунин маслиҳат дод:
— Мактуби ошиқонаро ҷо-о устокорона навиштан даркор. Хусусан, мактуби якум мисли маҳтоб равшану мисли офтоб пурҳарорат, ҳамчу торти мавиздор ширину гуворо бояд бошад. Агар ин хел нашавад яхи дили маҳбуба об намекушояд.
Аз рўи маслиҳати Фарҳод амал карда, барои номанависӣ ҳамаҷониба тайёрӣ дидам. Яъне, аз шариконам китобхои шоирони кабиру сағир ва боз як бағал гулчину луғатҳои хелбахелро талабида, болои миз тунук кардам. Аз ҳар варақ ҷумлаю ибора ва калимаҳои нағзи дилчаспро чида, онҳоро аз гудози дили пуроташ гузаронида, бо ранги сурх ба сафҳаи сафед турнакатор навиштан гирифтам. Баъди меҳнати душабонарўзӣ мактуби равшану пурҳарорат ва ширину гуворо тайёр шуд.
Сиёҳнависи ин номаи нестандарҷаҳонро то ҳол эҳтиёткорона нигоҳ медорам. Марҳамат, хонед:
«Ассалом, эй сарви равону ҷони ман. Гусаста мабодо зи ту номи ман!
Аё, меҳрҷўи вафодори ман! Ҷуз ту мабодо касе ёри ман!
Эй дилбари гулхандаи писандидаи ман!
Эй жўлидазулфи гулбў ва махмурчашми моҳрў!
Ба ҷуз ман касе аз ишқат бечора нест!
Диле дорам аз дард реш ва назди ту оям аз раҳи дур паи табобати хеш...
Мабодо чунин нагуи; Ин чи бегонагист? На ҳушьёрист, ин девонагист!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё