Зеҳн
Гаҳворабахш

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 80 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Худро дошта натавониста, инони ихтиёрро боз ба дасти гирья супурдам.
— Акнун... Мўъминая... ба ман... наметиянд...
— Медиҳанд, бачаҷонам. Албатта, медиҳанд!!!
— Акнун ман Риёзи якдаста-ку...
— Чӣ? Бас кун-е, тирмизак! Ин гапи хунука аз куҷо ёфтӣ?
— Азиз гуфт...
— Номаъқул кардааст вай шумбача. Илоҳӣ, худаш якдаста шавад! Ту, бачаҷон, ба ҳар хел гапу калочаҳо зуд бовар накун! Асло аз ёд набарор, ки акнун ихтиёри Мўъмина пурра дар дасти ману ту. Ҳар чӣ хоҳем ҳамон мешавад! Қоидаи гаҳворабахш ана ҳамин хел, Ҳатто дар ин бора як байт ҳаст:
Он рўз, ки духтарро гаҳворабахш карданд, Дар банди дилаш мўҳри сиёҳ пахш карданд, Бо таъсири ин байту гапҳо на фақат пардаи ноумедӣ аз байн бардошта шуд, балки дасти шикастаам низ асли қадим гардид. Саду панҷоҳ фоиз бовар кардам, ки ҳеҷ кас, ҳеҷ вақт Мўъминаро аз ман гирифта наметавонад...
Вақте ки мактабравак шудам, Мўъмина (яъне, падараш) ба ин муносибат як зиёфатча орост. Дар ин базм қариб саду панҷоҳ нафар хешу хешакони дуру наздик ва ҳамсояҳои нағзу содиқи холаам иштирок доштанду ман гули сари сабади маърака будам. Баъди рақсу суруд, шеърхонӣ ва табрику муборакбодиҳо, вақте ки қисми хўрокхўрии зиёфат ба охир расид, амаки дастархончӣ дар лаълии гулдор як тахт сару либоси нав овард ва ба ҳама шунавонда «Ин ҳадьяи арўспошшо ба домодпочо. Пўшида, мактаб раванд будааст!» гуфт.
Андактар, албатта, аз рўи ин таъинот амал кардам. Бо табъи хуш он либосҳоро пўшида, савлаткунон ба мактаб рафтам ва ҳампартаам Азизро аз ҳасад сўзонданӣ шуда, дар хусуси зиёфати холаам ва ҳадяи Мўъмина гап кушодам. Азиз суханҳои маро бо даҳони нимво гўш кард.
Рўзи дуюм боз дар ҳамин хусус «лексия» хондам. Ин дафъа ҷўраам ҳикояти маро дилу бедилон шунид. Фақат рўзи сеюм тир ба нишон расиду Азиз дилтанг шуда мисли пуффаки таранг торс кафид:
— Ҳой Риёз!

пешина
аз 80
навбатӣ