Гаҳворабахш

Алибой... Ҳар дуямон... аз ин пеш... ҳолангӣ... аз ин пеш ҳар дуямон қудо будем... акнун биёед, боҷа мешем!
Ҳама коҳ-қоҳ хандиданд. Ҳатто модарам ҳам. Амаки Алибой дудаста шикамашро дошта, ба замин нишаст ва чунон ба завқ хандид, ки аз чашмонаш об зада баромад.
— Э, намуред, Сатторбек!— гуфт вай ҳиқ-ҳикзанон.— О, ҳар дуямон-ку кайҳо боз боҷа ҳастем... Боз чӣ хел боҷа мешавем? Ҳа-ҳа-ҳа...
— Ҳа-ҳа-ҳа,-падарам низ баланд хандид. — Наход ҳамин хел гуфта бошам? Ҳа-ҳа-ҳа! О, ман мегум ки боҷа, биёед, акнун қудо шавем!
— Ана, инаш гапи дигар,—амаки Алибой хаёломез даст ба манаҳ бурд.
Дар ҳавлӣ хомўшии том ба амал омад.
— Ман розӣ!—падари Мўъмина бо ду ангушти дасти чап манаҳашро мол-молон нимғурма овоз баровард. — Лекин модараш чӣ мегуфта бошад?
— Агар шумо розӣ бошед, ман як бор не, ҳазор бор розӣ, дадеш. Илоҳо, ҷуфтпиру чеварадор шаванд!
Ин гапро шунидан ҳамон Саъбабону, ки дар пешгоҳ менишаст, ҳошокалло ҳар ду дасташро боло бардошт.
— Шуд, шуд! Гап пухт. Канӣ, биёед, гармогарм як фотиҳа хонем: Илоҳо, Риёзбеку Мўъминахон ба муроду мақсад расанд! Бигузор, ҳардуяшон гул барин шукуфта, хушбахту хушрўз шаванд! Омин!
Ҳама баробар кафи дастҳо ба рўй молида, бо ин кори худ аҳдномаи нонавиштаи падару модарони моро бе мўҳру имзо тасдиқ карданд.
— Муллориёзбек! Канӣ ту?—овоз баровард Саъбабонуи миҷморуқ дастархони овардаи падарамро кушода истода.—Канӣ, давида пеши Мўъминахон рав! Занчаатро дурустакак дида, нағзакак шинохта мон!
Мабодо гум накунӣ...
Аз ин шўхии ноўҳдабароёнаи кампир баъзеҳо зўрибазўр хандиданду аксарият лаб ғунча карданд. Вале ба ҳеҷ чиз аҳамият надода, азбаски кайҳо боз мунтазири ҳамин даъват будам, шоду хандон назди гаҳвора нишастам. Пардаи шоҳиро боло бардошта, гўши рости Мўъминаро оҳиста газидам. Нинича як қад париду баланд гиря кард. Занҳо бошанд, қоҳ-қоҳ хандида, пешу қафо «Шуд, шуд. Мо дидем. Мо шоҳид, ки гўши Мўъминая газидӣ. Вай минбаъд азони худи худат» гуфтанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё