Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа
АЗ МИЁНАИ АСР БА АСРИ МИЁНА
Дар замони мо ҳам фақат якчанд соат кифоя мекардааст, ки аз миёнаи асри ХХ ба асри миёна кӯчед.
Сайёраи америкоӣ моро дар кӯчаҳои каҷмакаҷи Ҷаддаи муборака гирифта метозад, ки банда таърифи ин гуна маҳаллаҳо, растаҳои серодами тангу торро фақат аз афсонаҳо шунидаам. Гоҳо аз пеши роҳ хараробае мебарояд ва сайёраи мо ночор аз паси вай мехазад. Гоҳо дар ягон тангкӯча тамбаи аробаю мошинҳоро дида пас мегардад ва мо паснокӣ хеле масофаро тай карда, ба роҳи дигар мебароем.
Дар кӯчае дар таки дарвозаи баҳашамате қарор гирифтем.
Ронанда ба ҳавлӣ даромада, чанд дақиқа ғоиб шуд. Сонӣ ҳамроҳи зани чодири сиёҳпӯше баромад. Зан аз курсии якум аз паҳлуи ронанда нишаст, ки он ҷоро қаблан барои ӯ нигоҳ дошта будааст.
Боз чанд гоҳе дар ҷинкӯчаҳо давр зада, ба роҳи асфалтпӯши калонтар баромадем. Ҳукуматдорон ба аҳволи санитарии маҳаллаҳо, зоҳиран, коре надоштаанд. Кӯчаҳо ифлос, дар таки дару дарвозаҳо, дар пеши дуконҳо тӯда-тӯда ахлот мехобад. Бӯи ғализи меваю сабзавоти пӯсида нафаси касро кӯрдуд барин танг мекунад. Анбӯҳи тираи магас дар фазо озодона дар сайругашт аст.
Роҳи байни Ҷаддаи муборака ва Маккаи мукаррама аз дашти санглохе мегузаштааст, ки дар ду тарафаш теппаҳои начандон баланди сангӣ вомехӯранд. Ҳамин ки ба роҳи калони аэропорт шоссеи бандари баҳрии Ҷадда ҳамроҳ шуд, ҳаракати сайёраҳо афзуд. Ин гуна мошинаҳои аҷоибу ғароибро дар умрам надида будам, Автомобилҳои боркашро ба мусофиркашонӣ мувофиқ карда, ба ҳар тарафаш барои зинат панҷараҳои кунгуракории оҳанӣ ва тунукаҳои ранго-ранг часпонидаанд ва аз радиатор то чароғи қафои сайёра он қадар рангҳои гуногун молидаанд, ки автомобили бечора ба хурӯстӯтии ҳазоррангаи Сарандеб шабоҳат пайдо кардааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё