Зеҳн
Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Гӯё акнун чизе нафаҳмида бошад, китф ба ҳам кашида дур шуд.
Абдусамадака ва як амалдори араб ба сари мошини мо омаданд. Амалдор чизе гуфт ва тарҷумон онро ба ӯзбекӣ гардонд:
– Ин кас мегӯянд, ки агар дар байни шумоён ягон кас коммунист бошад, аз мошин фарояд. Хушӣ ба хушӣ ба ватанаш мефиристем.
Хомӯшии гароне ба миён омад. Аҷаб як саволе. Ин имому қориҳо куҷову коммунизм куҷо? Ё соҳибони мамлакат маро дар назар доранд? О, агар, духтури коммунистро фиристодан лозим мешуд, духтурҳои аз ман даҳчанд зӯртарро монда, маро мефиристоданд? Мантиқ ҳам чизи хуб.
Шунида будам, ки дар масъалаи муносибат ба олами сотсиализм Арабистони Суудӣ филиали таппа-тайёри Штатҳои Муттаҳида аст. Дар ин ҷо бюрои федералии тафтишоти фаъолияти зиддиамерикоӣ набошад ҳам, шаҳбозоне ҳастанд, ки аз мутахассисони он Бюро сари мӯе монданӣ надоранд. Ҳамаи ин гапҳо рост барин менамоянд.
Ба тарҷумон гуфтам:
– Абдусамадака, ба ин ҷаноб боб карда ҷавоб гардонед.
Барака ёбед, ба вай фаҳмонед, ки аз сари коммунист тилло резед, ки ба ҷои нохонда қадам намемонад.
– Лозим не, духтур. Мо бояд ҳар чизеро ба дил нагирем.
Ин як расмият асту бас.
Баъд тарҷумон ба мансабдор чизе гуфт ва ҳар ду ба сари мошини дигар рафтанд.
Зор монад, қадри тамоку гузашт. Ман-ку аз ин пеш муддатҳо тамоку накашида, тоқат карда будам. Аммо муҳит дигар буд. Ҳар лаҳза бо қиёфа ё таклиф ё саволҳои гоҷи худ ба асабатон расидан гиранд, девона мешавед-ку!
Ниҳоят, Абдуллои Бухороӣ даст бардошта фотиҳа хонд ва мо омингӯён аз ҳавлии чоҳмонанди аэропорт берун шудем.

пешина
аз 247
навбатӣ