Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа
Аз ҷомадони дигарам ҳамон фотоплёнкаҳои коғазпечро бароварда бӯй кард.
Тафтиш тамом шуд. Ба ҳавлии аэропорт баромадем. Бинои аэропорт чорошёна будааст. Қабати поёниро дар як самт аген-
1 тиҳои муваққатии флоти ҳавоии Эрон, Афғонистон, Ироқ, Туркия ва дигар мамлакатҳо иҷора гирифтаанд. Дар сари идораи ҳар агентӣ байрақи миллиаш овезон. Дар самти дигар дуконҳои баззозӣ, чарчинфурӯшӣ. Дар як тараф ошхона ва идораҳои маъмурони аэропорт.
Абдуллои Бухороӣ дар болои сандуқи кадом як мусофир нишаста, аз киса қаламу дафтар баровард ва ба ҳисобу китоб шурӯъ кард. Аз ҳар кадоми мо 50 долларӣ гирифта ба боҷхона месупурдаанд. Ин андози карантин, ҳаққи роҳ ва боҷпулӣ будааст, ки аз ҳар як ҳоҷӣ меситонидаанд ва буджети ватани пайғамбар ҳар сол ана аз ҳамин андоз ташкил меёфтааст.
Пирамард ба рӯйхат кардани мо сар кард. Ҳоҷиҳои мо ба ду гурӯҳ тақсим шуданд: мусулмонони республикаҳои ҷануб тошкандӣ, лақаб гирифтанд, бошандагони шимол ва Озарбойҷон, – қазонӣ. Камина тошкандӣ шудам, Исрофил – қазонӣ.
Абдуллои Бухороӣ менавишту гап мезад, ман аз дастони ӯ чашм намекандам. Каф ва пушти ҳар ду дасташ аз ҷароҳат шудгор буд. Ҳатто аз мағзи докаи печонидааш фасоди хунолуд метаровид. Яқин буд, ки дарди хориш расида, аз ҳад гузашта рафтааст. Қоил ман, яке аз сутунҳои Ҷаддаи муборака ба дарди худ даво наёбад, вой ба ҳоли дигарон.
Қориака аз нигоҳи ман пай бурда, ишора карданд, ки ба ҷароҳати дасти пирамард давое навишта диҳам. Чӣ нависам?
Муолиҷаи хориш осон нест, вай моҳҳо, ҳатто солҳои дароз кашол меёбад. Ба ҳар ҳол ба коғазе барои дорухона супориш навишта додам. Хайрият, ки ақаллан забони касбии духтурон ва дорухонаҳои дунё як аст.
Се таксии сурх – сайёраи сабукрави америкоӣ омада, дар саҳни ҳавлӣ қатор шуд. Ман ҳанӯз дар хаёл будам, ки оё ин
Муваққатӣ аз он сабаб ки фақат дар давоми мавсими ҳаҷ кор мекунанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё