Зеҳн
Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Аз майдони тафсони аэропорт моро ба зали боҷхона дароварданд. Ҳангоме ки аз роҳрави танги тахтагин мегузаштем, аз ду тарафи он ходимони боҷхона ва полис қатор истода, ба андоми мо чашм давонда, гӯё чи гуна одам будани моро фаҳмиданӣ мешуданд. Зали боҷхона бозорҳои болояш пӯшидаро ба хотир мерасонид. Тафовут дар ин буд, ки дар болои тахтаҳо ба ҷои озуқаву сангу тарозу ҷомадону халтаҳо қатор гузошта шуда буданд ва дар паси тахтаҳо хизматчиёни хашминнигоҳи боҷхона рост истода, даруни ҷомадонҳоро такурӯ карда медиданд.
Баробари дохили зал шудани мо марди солхӯрдаи қаддарозе аз кадом дар пайдо шуда омад. Ӯ курта ва яктаки сафеди дароз пӯшида, ба сараш қарси сафедеро партофта буд. Калонсолони гурӯҳ бо ӯ гарму ҷӯшон вохӯрӣ карданд. Ин мардро Абдуллои Бухороӣ мегуфтанд ва ӯ кайҳо боз яке аз сутунҳои Ҷаддаи муборака будааст.
Абдуллои Бухороӣ дар ин ҷо ҳамчун дар хонаи худ озод ва омирона қадам мегузошт. Бо овози баланди ҷарангосӣ дастёрони худро садо мекард, ба ҷустуҷӯи таксӣ ва одамони даркориаш мефиристод. Аввал ӯ ва Қориака ба каноре баромада пичир-пичиркунон гуфтушунид карданд. Сипас Бухороӣ аз кассир миқдоре пул гирифта, ҳамроҳи яке аз сардорони боҷхона – арабкалони сиёҳчеҳра ба гӯшае ғоиб шуда рафт.
Баъди баргаштани онҳо тафтиши ҷомадонҳо сар шуд.
Араби шикамкалон баъзе ҷомадонҳоро ҳатто даст нарасонда, имо кард, ки бардоранд. Аммо дар тафтиши як қисми дигари ҷомадонҳо, аз ҷумла ашёи камина ҳамаи дақиқкории худро намоиш дод. Дорувори маро даст-даст карда, пурсид, ки оё афъюн ё наша надорам? Гуфтам, ки афъюн дорам, вале на бараои истеъмол ба он тарзе ки ӯ дар назар дорад, балки ба-
1 рои инъексия дар мавриди зарурӣ. Ба ӯ ампулаҳои шишагинро нишон додам. Абдусамадака шарҳи маро аз будаш зиёдтар карда тарҷима намуд. Мардак қонеъ шуд.

Ба воситаи сӯзан ба бадан фиристодани дору.

пешина
аз 247
навбатӣ