Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа
Ҳар ду як соати расо изҳори миннатдорӣ карданд. Ҳатто Абдусамадака аз тарҷумаи калимоти шукронаи онҳо тамом хаста шуда рафт.
Боз муддате онҳо дар ҳуҷраи ман монда, таъзим ва тавозӯъкунон ким-чиҳо мегуфтанд.
– Алҳамдулиллоҳ! Алҳамдулиллоҳ! Тайёраи мо омад! – шунида шуд аз берун садои Оллоҳназар. Шитобон берун баромдам.
– Канӣ тайёраи мо?
– Ҳозир аз болои кӯпрук гузашта, ба тарафи аэропорт нишеб рафт.
– Чӣ хел шинохтед?
– Думаш сурх, азони мо-дия.
– ИЛ – 18?
– Не-е-е. Азони Суудия.
Тавба. Тайёраи Арабистон ба ӯ аллакай «азони худамон»
шудааст. Имом-дия. Аҷаб нест, ки Маккаи мукаррама барои вай маркази коинот бошаду Мадинаи мунаввара-нофи замин.
Роҳраву саҳни ду киштиро бо қадам чен мекунам. Поён мефароям, ба Нил чашм медӯзам. Боло мебароям, мардуми дар кӯча гаштаро аз дур тамошо мекунам. Эҳромам имрӯз ба танам нағз часпида истодааст. Чунки аз бекорӣ дар пеши оинаи ҷевон чанд бор кушода, аз сари нав бастам. Дирӯз ҳангоми роҳгардӣ як дастам дар нифа буд. Чист, ки зодаи одам наомӯзад?
Имрӯз дар Ватан – арафаи ид. Пагоҳ – Якуми Май. Ҳар шаби арафаи Якуми Май зану бачаҳоямро гирифта, ба тамошои шаҳр мебаромадам. Шаҳрҳои мо дар арафаи идҳо сайргоҳи афсонавӣ барин мешаванд. Одамон, биноҳо, кӯчаву хиёбонҳо, ҳатто автобусу троллейбусҳо худро мисли арӯсу домод оро медиҳанд.
Дар гурӯҳи мо касе аз Якуми Май даҳон намекушояд. Барои ҳоҷиён арафа пасфардо меояд. Савуми май иди Қурбон аст, иди он рӯзест, ки ҳазрати Иброҳим писари худ ҳазрати Исмоилро дар роҳи ризоияти худованд сар заданӣ буданд, аммо парвардигори раҳмон ҳазрати Ҷабраилро бифиристод, ки ба Иброҳим бигӯ даст нигоҳ дорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё